ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Русия имрўз шарики асосии иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон мебошад. Соли 2014 наздики 30% савдои берунаи Тоҷикистон бо Русия алоқаманд буда, маблағгузории бевоситаи кишвари мо ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз нишондоди 1,2 миллиард доллар убур кард. Дар кишвари шумо як қатор ширкатҳои бузурги русиягӣ, аз ҷумла «Газпромнефт-Тоҷикистон», «Мегафон» ва «Билайн» фаъолият доранд, ки зерсохторҳои худро тақвият дода истодаанд.
Дар самти гуманитарӣ низ ҳамкориҳои мо бобарор ҳастанд. Як ҷанбаи онро ин ҷо мехоҳам қайд кунам. Ҳар сол наздики 2 ҳазор муҳассилини тоҷик ба Русия барои таҳсил сафар намуда, шумораи умумии донишҷўён – шаҳрвандони Тоҷикистон аллакай аз 7,5 ҳазор гузаштааст. Дар қатори макотиби олии бонуфузи ҷумҳурӣ имрўз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва шуъбаҳои маҳаллии дигар макотиби олии Русия – Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов, Донишкадаи маъдангудозии Москва ва Донишкадаи энергетикии Москва ҳастанд. Ҳамасола садҳо мутахассиси ҷавон – хатмкардаҳои ин макотиб бо дипломҳои Русия дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон ба кор ҷалб карда мешаванд.
Ҳамаи ин бозгў аз он аст, ки Русия, бидуни шубҳа, барои Тоҷикистон шарики асосии сиёсӣ, тиҷориву иқтисодӣ ва гуманитарӣ боқӣ мемонад. Ҳузури ҳарбии Русия бошад, кафолати боэътимоди амнияти ҷумҳурӣ аз хатароти берунаи барои кишварҳои мо умумӣ маҳсуб мегардад.
-Кишварҳои моро риштаҳои қавии сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд. Чуноне ки зикр шуд, Федератсияи Русия ҳоли ҳозир шарики асосии стратегӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор