Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳанўз соли 1992 ў ду маротиба ба ҷумҳурии ҳамсоя, ба шаҳри Бишкек сафар намуда, бо собиқ президенти Қирғизистон А.Акаев вохўрда буд, то вазъияти ба амаломадаро фаҳмонад ва бо дастгирии ў диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба фоҷиаи дар Тоҷикистон рухдода ҷалб намояд.
Эмомалӣ Раҳмон на як бору ду бор таъкид сохта буд:
«Мо барои музокирот бо ҳамаи нерўҳое, ки умеди раҳонидани Тоҷикистонро аз бўҳрони сиёсиву иқтисодӣ доранд, омода ҳастем».
Ў ба қавли худ ҳаргиз хиёнат накард, балки бо аъмоли ҳамарўзааш азму иродаи қавии худро собит менамуд.
Ба ин зуҳуроти аҷоиб таваҷҷўҳ кунед. 16 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон Сардори давлат интихоб мешаванд.
Баъд аз чаҳор сол, боз дар моҳи ноябр бо афзалияти зиёд дар интихоботи президентӣ ғалаба мекунанд, ҳамзамон Конститутсияи пешниҳоднамудаи ў аз ҷониби халқ пазируфта мешавад. Панҷ сол пас моҳи ноябр ва боз дар таърихи рўзи 16-ум гурезаи охирин ба Ватан баргашт… Инро чӣ гуна метавон шарҳ дод? Тасодуф? Мувофиқ омадани ҳодисаҳо? Шояд. Вале дар ин муназзамӣ як рамзе низ ба назар мерасад, ки гувоҳи сарнавишти олист ва аз матонату устуворие, ки мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хешро ба амал мебарорад, шаҳодат медиҳад.
Зери чархи кабуд ҳеҷ чиз абадӣ нест. Ҳар як сиёсатмадор ба қадри ҳиммати худ ба рафти воқеаҳо таъсир мерасонад ва дар таърихи кишвар нақше аз худ мегузорад.
Чунин нақшро, ки дар ёди пасояндагон ҷовидон мемонад, Эмомалӣ Раҳмон аллакай ба таври хеле устувор гузоштаанд. Ў ба он муваффақ шуд, ки аз сари нангу номус ҳамватанони гурезаи худро, ки бар асари ҷанги бародаркуш дар ғарибӣ афтода буданд, ба Ватан бозгардонад. Ин пеш аз ҳама он мардуме буданд, ки дар хоки Афғонистон дар хаймаҳо умр ба сар мебурданд, вале тоҷикони ғарибгашта дар ақсои дигари ҷаҳон низ кам набуданд.

пешина
аз 601
навбатӣ