Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Пешравии босуръати минбаъдаи ҷумҳурӣ бе тараққиёти энергетика амри маҳол аст. Маҳз барои ҳамин Президент ташаббускори тезонидани бунёди истгоҳи барқи обии Сангтўда дар рўди Вахш гардид, ки барои тараққиёти Тоҷикистон уфуқҳои тоза мекушояд ва ҳоло неруи арзони он бар манфиати кишвар истифода мешавад.
Арзи вуҷуд намудани аҳзобу ҳаракатҳои нави сиёсӣ, миқдори зиёди ташкилоти ғайридавлатӣ қосиди ҷомиаи ояндаи шаҳрвандӣ мебошанд. Озодии виҷдон мазмуни воқеӣ гирифт ва ба ҳуқуқи демократии тамоми аҳолӣ табдил гардид.
Вале бешак, комбёии бузургтарини он давра пешрафти музокираи байни тоҷикон ба сўи сулҳу салоҳ мебошад, ки баъд аз се сол ба он Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳусни хотима бахшид.
Ин ҳуҷҷат аз анҷоми муқовимат дар миёни тоҷикон башорат дод…
Барои касе пўшида нест, ки музокироти байни тоҷикон пеш аз ҳама бо саъю талоши Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи истиқрори сулҳи пойдор дар ҷумҳурӣ, қатъ шудани амалиёти ҳарбӣ дар сарҳади тоҷику афғон, ҳалли масъалаи гурезаҳо ва ризоияти миллӣ шуруъ гардида буд. Дар натиҷаи вохўрии нахустин ҳайати ҳукуматӣ бо намояндагони оппозитсия бо миёнҷигарии Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати умури хориҷаи Россия барпо гардид, ки аз 5-ум то 19-уми апрели соли 1994 идома ёфт. Аслан, ин қадами аввалин ба сўи мақсади дерина, ба сўи сулҳу салоҳ ва якдигарфаҳмӣ буд.
Аз рўи инсоф бояд бигўем, ки Эмомалӣ Раҳмон хеле барвақт аз оғози музокирот ҳанўз вақте ки вакили қатории парлумон буд, барои пешгирии ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон чанд қадами ҷиддӣ бардошт.

пешина
аз 601
навбатӣ