Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар ин Барномаи давлатсозии ў эҳсоси ҷасорату ғайрати бузург, ғамхории бепоёнаш нисбат ба мардумони Ватан ифода меёфтанд.
Метавон гуфтан, ки минбаъд кулли лоиҳаҳои созандагӣ ва бунёдкории ин Родмарди Бузург дар ду шаҳсутуни пурқудрат устувор гардиданд: ҷасорат ва ғамхорӣ.
Сохтмони нақби Анзоб солҳои ҳаштодуми қарни гузашта шурўъ гардида буд. Умуман ин сохтмони муҳимро дар замони шўравӣ барвақт анҷом додан имкон дошт, зеро дар ҳамон давра аҳамияти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва ғайраро молик буд. Лекин бо кадом иллате оғози сохтмони онро ба дарозо кашиданд ва оқибат бо шурўъ гардидани нобасомониҳо тамоман қатъ намуданд.
Сарвари давлат бо ғаюрӣ ва ҷасорати хоси худашон сохтмони нақби Анзобро ҳамагӣ ду сол баъди ба имзо расидани Созишномаи умумӣ оид ба сулҳи тоҷикон шурўъ карданд. Дар ин айём ҳанўз иқтисоди ҷумҳурӣ ҳоли заъфе дошт. Васоити техникии аз замони шўравӣ мерос монда, чандон муқтадир набуд, нақбканон маошашонро мунтазам намегирифтанд. Вале онҳо аз самти шимол ва ҳам аз самти ҷануби нақб Президенти шуҷоъ ва ҷасури мамлакатро дар паҳлуяшон дида, бо ҷўшу ғайрати бесобиқа, талошу заҳмати зиёд мекарданд, то Ватани азизамон обод бошад. Нақбканон ҳар замон бо дидани Сардори давлат ба ояндаи нек дилпур буданд.
Дар ҳамон даврон ба ин сохтмон ба ёрӣ омадани бародарони эронӣ низ ба ваҷҳи соҳибтадбирию мудаббирии Роҳбари давлат амалӣ гардид.
Боре яке аз мо, муаллифони ҳамин мақола ба назди бинокорони ин сохтмони муҳташам сафари хидматӣ намудем. Пас аз ошноӣ бо кори пурзаҳмати нақбканон, шомгоҳ дар ошхонаи меҳмонсарои бағали кўҳи Анзоб ҳамроҳи мутахассисин ва муҳандисини тоҷику эронӣ чой нўшида, сўҳбати тўлонӣ доштем.

пешина
аз 601
навбатӣ