Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Яке аз муҳандисини эронӣ дар ҳамон сўҳбат чунин гуфт:

  • Мо ба кулли ҷамоҳири Осиёи Миёна - Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ўзбекистон сафар намудем ва дидем, ки дар он кишварҳо корхонаҷот, роҳу пулҳо, фабрику заводҳо хеле зиёданд. Маълум мешавад, ки онҳо дар замони ҳукмронии шўравӣ барои ободонии мамолики худ кўшиши бисёр кардаанд. Вале роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ободии Ватанашон камтар сайъ намудаанд.
    Яъне шумо нисбат ба ин ҷумҳуриҳо хеле қафо мондаед.
    Мо, тоҷикон, ки дар маҳфил ҳузур доштем, аз ин гуфтаҳои барҳақ мутаассир гардидем.
    Сипас ба ин суханони бародари эронӣ яке аз муҳандисини тоҷик чунин посух дод:
  • Акнун ин ақибмониро Роҳбари донишманд, дурандешу ғаюри мо, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бартараф хоҳанд кард.
  • Худо кунад, ки чунин шавад,- ҳамовозӣ намуд бародари эронӣ.
    Имрўз шукрона мегўем, ки он пешгўии муҳандиси тоҷик ба воқеъият табдил шудан дорад.
    Дар кишвари мо ағбаи Анзоб (эрониён гарданаи Анзоб мегўянд) ва гирду атрофи он хосатан дар фасли зимистон хатарноктарин роҳи убуру мурур аст. Ягон соле набуд, ки аз ин роҳ хабари фоҷиавӣ нашунавем. Ҳазорон афсўс, ки ҳангоми сафар кардан одамон нобуд мешуданд. Хусусан дар наздикии минтақаи Майхура, саҳеҳтараш, аз гардиши васли рўди Сиёма ба рўди Варзоб то Майхўра ҳар сол то даҳ-дувоздаҳ нафар мусофирон зери тарма монда, ҷон ба ҷонофарин месупориданд. Барои ҳамин даҳшат мардум ин қитъаи ваҳим ва пуртаҳлукаро аз замонҳои пешин “Новаи мурдаҳо” номидаанд.
пешина
аз 601
навбатӣ