Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз номи ҷамъи шогирдон сипос, ки баъд аз устод нагузоштед, ки то шамъи ин маҳфил хомўш шавад. Банда низ дар чанд маҳфили пурмуҳтавои «Ганҷи сухан», ки дар шаҳру навоҳии мухталифи вилояти Суғд баргузор шуд ширкат варзидаам ва таассуроти хеле хуб бардоштаам. Лутфан мегуфтед, ки фаъолияти ин маҳфил имрўз дар кадом поя қарор дорад?

  • Дар маҳфили аввалин устод Абдулманнони Насриддин аз вазифаву ҳадафи маҳфили мазкур дар назди ҳозирин изҳори назар намуданд:
    “Рисолати аслӣ ва асосии маҳфили мо мусоидат ба шаклгирии завқу салиқаи зебоишиносии ҷавонон, ба самти созгор ва ҷалби таваҷҷуҳи онон ба ормон ва марому маслаки замон, нерў бахшидани раванди адабӣ ва парвариши ҷавонони тозароҳу тозарўҳ ва умедбахш аст. Ба ин маънӣ, бесабаб нест, ки маҳфили адабиро «мактаби адабиёти давра» ном додаанд, ки барои қомат афрохтани бинои боҳашамати адабиёти ҳақиқӣ ва падид омадани равишҳои тозаи эҷодӣ созгор буд. Маҳфили адабӣ василаи хуби густариши андешаи созандагӣ дар ҷомеа ва парвариши насли соҳибмаърифат, донишманд ва соҳибтаффакур мебошад.” Маҳфил ана ҳамин рисолати аслии худро адо карда истодаст. Ҳар моҳ маҳфил бургузор мешавад ва адибону олимон аз ин ё он мавзўъ сўҳбат мекунанд ва фазои адабиву фарҳангии моро нерў мебахшанд. Маҳфил силсилаи китобҳои худро бо номи “Армуғони ганҷи сухан” дорад, ки шумораи шашуми он дар арафаи интишор аст.Дар ин китоб маърузаҳо дар шакли мақола ва ашъори адибон интишор мешавад.
    Ҳамчунин фаслномаи “Ганҷи сухан” низ интишор гардид.
    Ҳар як нишасти маҳфил сабту танзим мешавад ва тавассути телевизион намоиш дода мешавад. Ҳамчунин тавуссути саҳифаи утубии “Ганҷи сухан” тамоми олам онро тамошо мекунад.
пешина
аз 601
навбатӣ