ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Воқеан, ин ҷо метавон дар мавриди сифатҳои ҳукуматдории Куруши Кабир ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сухан кард. Ҳамоҳангӣ ва монандии давлатдорӣ аз хусусият ва сифатҳои фардии онҳо аз қабили ифтихори ватандориву миллатпарварӣ, адолат ба мардум, масъулияти баланд дар назди тақдири ватан ва соҳибони он, пуштибонии сулҳу ваҳдат ва монанди инҳо рўи кор омадааст.
Дар эъломияи Куруши Кабир, ки дар китоб сабт ёфтааст, эъломияи ин шоҳи кабир ба сатрҳое хотима меёбанд, ки дилу ният ва омоли Пешвои миллати моро ифода мекунад: “Сулҳу оромиро ба тамоми мардум ато кардам”.
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Куруши Кабир дар заминаи сарчашмаҳои мўътамади илмиву таърихӣ муфассал бо забони фасеҳ аз таърихи зиндагӣ ва корномаҳояш ҳикоят мекунанд. Аз ҷумла, оид ба муҳорибаҳо, кишваркушоиҳо, муносибатҳои дипломатӣ, бурду бохти Куруши Кабир.
Хулосаҳои илмии Савари давлат дар мавриди мақом ва манзалати Куруши Кабир раднопазир аст. Аз ҷумла, эшон Куруши Кабирро ҳаргиз дар қатори забткорону ҷаҳонкушоёни маъруфи олам – Чингиз, Темур, Искандари Мақдунӣ намегузоранд. Зеро Куруши Кабир дар муҳорибаҳову лашкаркашиҳо ҳаргиз ба қатли ом роҳ намедод ва дар риояи ҳуқуқи инсон беназир буд ва ўро бунёдгузори аввалин давлати мутамаддини инсонӣ маҳсуб меёфт. Хулосаи дигари Сарвари давлат дар китоб, ки низ бебаҳс аст ин шўҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани Куруши Кабирро дар бунёди давлатдории дунёвӣ дидаанд. Ба иборати дигар, нахустин империяи пурқудрати давлати Форс ба шакли дунявӣ асос ёфта буд. Ин мақола собит менамояд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари давлат ва усули давлатдорӣ дар кишвари мо дуруст ва барҳақ аст. Пешвои миллат дар мақолаи “Парчамдори ҷодаи озодиву истиқлол” дар бораи чеҳраи мондагори таърих Спитамен нақл менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор