Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Қаблан муаллиф ба зиндагӣ ва фаъолияти ҷаҳонигирии
Искандари Мақдунӣ таваққуф намуда, оид ба ғояву ният ва амалдории ў маълумотҳои таърихии мушаххасро ироа месозанд. Дар ин маврид нуқтаи назари муаллиф оид ба ғоя ва ҳадафҳои ҷаҳонкушоии Искандари Мақдунӣ ҷолиби таваҷҷўҳ мебошад.
Искандари Мақдунӣ бо ин зоҳирбозиҳои назарфиребаш мехост унсурҳои беҳтарини тамаддуни ғарбу шарқро бо ҳам омезиш дода, як империяи ҷаҳонии фарогире офарад, ки халқҳои сершумори гуногунзабону мухталифоинро зери нигини як қаламрав мутаҳид созад. Як давлати муттамарказ ва идеалие бунёд намояд, ки сокини юнонзамин худро дар билоди порс ва сокини порс худро дар мақдуния бегона напиндорад. (с.30) Ба овардани ин санад ва ишора ба забткориҳои аҳди хилофати Араб, империяи абарқудрати шўравӣ муаллиф аз қудрату матонат ва иродаи миллати тоҷик ёдрас мешаванд, ки бо вуҷуди гирифториҳо ҳувияти миллат ва орияти аҷдодие худро аз даст надод. Дар идома муаллиф аз муборизаи қаҳрамони халқи тоҷик – Спитамен бар муқобили Искандари Мақдунӣ сухан мекунад, ки аз саҳифаҳои рўшани китоби таърихи миллати мо мансуб мешавад.
Матонат, ҷасорат, далериву нотарсӣ, дониши баланди ҳарбӣ, сарвару саркардаи мардуми мубориз бар зидди аҷнабиҳо ин ҳама сифати Спитамени шуҷоъ аст, ки меҳвари мақолаи Пешвои миллатро ташкил мекунад. Муаллифи китоб оид ба ҷоннисориҳои Спитамен менависанд: «Талошҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастонаи Спитамен яке аз дурахшонтарин саҳифаи таърихи муборизаҳои муташаккилонаи ниёгони суғдию бохтарии мо мебошад.» (саҳ.36) Аз назари Пешвои миллат шикасту бебарории Спитамен дар назди корнамоиҳои бемислу монандаш моҳияти хешро гум мекунад.

пешина
аз 601
навбатӣ