Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳар кас агар фасли зимистону вақти барфрезӣ аз ин ҷо мегузашт, яқинан аз тармаю шамоли сарди шадид ба ҳалокат мерасид. Зеро кўҳҳои баланд аз ду тараф дараро танг карда буданд, бинобар ин тарма аз ду самт бо даҳшат фурў мерехту ба роҳгузар ҳеҷ ҷои халосӣ намемонд.
Ба тўли ҳафтод соли шўравӣ ҳамин роҳи махуфро хурду калон - ҳамагон медонистанд ва аз фоҷиаҳо воқиф буданд, аммо афсўс мегуфтанду мемонданд. Мутаассифона, аз роҳбарони ҳафтод соли ҳукмрони шўравӣ касе ҷуръат намуда, ин хавфу хатари даҳшатангезро бартараф накард.
Вале Роҳбари кишварамон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин кори шарофатмандонаро дар солҳои аввали давлатдориашон ба некӣ анҷом доданд. Алҳол мусофирон дар байни Дашти Кабудаи рўди Сиёмаю Майхўра аз якчанд туннелҳо мегузаранд. Маҳз ҳамин туннелҳо роҳгузаронро аз тармаҳои бо лою сангҳои бисёрҳазортоннагии аз қуллаҳои кўҳ фурўрез ҳифз менамоянду наҷот мебахшанд.
Лоиҳаи нақби Анзоб дар замони шўравӣ тарҳрезӣ шуда, аммо сохтмони туннелҳои алайҳи тарма дар он зикр наёфта буд. Ин туннелҳои наҷотбахш маҳз бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидаанд. Зеро Барномаи давлатсозии Президенти мамлакат тавре ки гуфтем, бар ду шаҳсутуни пурқудрат устувор аст: ҷасорат ва ғамхорӣ!
Чунин қиссаҳоро мо дар бораи нақбҳои Шаҳристон, Хатлон, Озодӣ ҳикоят карда метавонем, ки бо рисолату шуҷоати беназири Пешвои миллат эъмор гардидаанд.
Аслан ба шарофати сиёсати созандагии Сарвари давлат саросари Тоҷикистон обод гардида, роҳҳо, пулҳо, мактабҳо, майдонҳои варзишӣ, корхонаҳо қасрҳои фарҳангӣ, манзилгоҳҳо сохта шудаанд Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам Роҳбари ҷасур, далер, шуҷоатманд ва ғамхори халқ, парастори ятимон, барҷомондагон, пиронсолон мебошанд.

пешина
аз 601
навбатӣ