Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Бубинед ки аз ҷониби душманони ғаддораш Искандари Мақдунӣ пазируфта шудани ҳамчун ҷавонмарди бебоку шуҷоъ ва бо амри ў нигоҳдории акси пайкараи аслии Спитамен аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ватандўсти асилро рақибон низ эътироф мекунанд. Ин аст ки аз ҷониби Пешвои миллат барои ватандорони асил Ордени Спитамен таъсис дода шудааст.
Мақолаи “Паёмбари оини ростин” дар бораи Зардушт мебошад. Муалифи китоби “Чеҳраҳои мондагор” дар заминаи сарчашмаи мўътамад доир ба даврони Зардушт зиндагиномаи ў таронаҳои Зардушт ва ғайра ибрози назар мекунад. Андешаву назарияи бузургтарин олимони ғарбу шарқ, авестошиносони маъруфи дунё дар мақолаи мазкур дар заминаи муқоисаву муқобала мавриди омўзиш қарор гирифта, хулосаи дақиқи илми рўи кор омадааст. Воқеан мақолаи мазкур аз назари ҳаҷм аз кулли мақолаҳои дигари китоб бештар буда, як рисолаи муфассал ва аз лиҳози маънӣ густурда оид ба Зардушт ва назарияи ўро мемонад.
Пешвои миллат дар баробари муайян кардани шахсияти воқеии Зардушт ҳамзамон оид ба бахшҳои китоби Авасто
– нахустин дини Яштопарастӣ ба номи Зардуштия маълумот медиҳанд. Аз ҷумла оид ба «Ясно», «Яштҳо», «Вандидот», «Испарад», «Хурдавасто» иттилооти илмии фаровон ва саҳеҳро пешорўи хонанда мегузоранд. Андеша ва назарияи Эмомалӣ Раҳмон дар бахши таълифоти Зардушт дар бораи ҷаҳон, инсон ва ахлоқ таҷассум ёфтааст. Аз ҷумла муаллифи китоб андешаи Зардуштро оид ба он, ки «фикру андешаи хуб инсонро водор ба ҷидду ҷаҳд ва ғайрату ободонӣ мекунад» аз назарияи меҳварии ин паямбари ростин мешуморанд (саҳ 77). Зеро назарияи Зардушт дар бораи инсон, ахлоқ, некиву рўшанӣ, адолат ва садоқат, ҳақиқатгўӣ, далерию фарзонагӣ, ки барои инсони ободкунандаи ҳар давру замон муҳим аст, месазад мавриди омўзиши жарфо ва истифодаи аҳли башар қарор гирад.

пешина
аз 601
навбатӣ