Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар ин маврид муаллифи китоб бовар доранд, ки дар замони истиқлол ба шарофати бедории миллӣ ва дигаргуниҳои маънавиву фарҳангӣ ва адабӣ мардум хоса ҷавонони худогоҳ ба омўзиши таърихи ниёгон муҳаббат зоҳир намуданд ва дороиҳои пурбаҳои маънавии замони Зардушт дар шакли нав мавриди истифодаи имрўзиён қарор гирифта истодааст.
Дар китоб таҳти унвони «Бозтоби нур дар зулмот»
оид ба Монӣ, ки аз нобиғагони замони худ буда, дар фанни наққошӣ ҳамто надошт ва саҳифаҳои китоби худро бо тасвирҳои зебо, ки муборизаи нуру зулматро ифода мекард, музайян менамуд, сухан рафтааст. Муаллиф дар асоси сарчашмаҳои мўътамади илмиву таърихӣ оид ба зиндагиномаи Монӣ ва ҷараёни монавия маълумот медиҳанд ва барои хонандаи имрўз ҷавҳари афкору ақоиди ин шахсияти беназирро, ки дар замони муосир донистани он арзиши баланд дорад, тавзеҳ медиҳанд. Аз ҷумла, Пешвои миллат бар он ақидаанд, ки аркони таълимоти Монӣ аз зардуштия нерў гирифтааст ва меҳвари омили пайдоиши он аст, вале ҳамзамон сарчашмаҳои дигар низ мавҷуд буд, ки ақоиди Мониро ривоҷ бахшид. Дар маркази фалсафаи Монӣ рўшноиву зулмот меистод ва ў худро расулу фиристодаи рўшноӣ медонист. Муаллифи китоб бо истинод аз фикру андешаҳои олимони дигар оид ба мазҳабҳои Зардушт дар Эрон, Буддо дар Ҳиндустон, Исо дар Мағриб изҳори назар карда, ҷонибдории худро оид ба маъруфияти бештар дар сатҳи ҷаҳонӣ пайдо кардани мазҳаби Монӣ сухан кардаанд.
Муаллифи китоб дар перомуни ҳаёт ва фаъолияти
Маздак – пешвои мардумдўсти Эрони бостон, ки шариати ў меҳмонро аз ҳар тоифа ё миллате, ки бошад эҳтиром мекард ва чунин мешуморид, ки аз ў набояд чизеро дареғ дошт, як тадқиқоти мўҷази илмиро анҷом додаанд.

пешина
аз 601
навбатӣ