Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳини омўзиш оид ба нуқтаи назари олимони Ғарб, аз ҷумла Томас Хайд, А.де Бюсссабр, Е.Гиббон,Ч.Малколм ва чандеи дигар ки ба зиндагинома ва назарияи Маздак ин шахсияти беҳамто мароқи калон зоҳир кардаанд, изҳори назар намуда, оид ба баъзе андешаҳои нодурусти онҳо баҳси илмӣ баргузор кардаанд. Муаллиф манзараи воқеии замони Маздакро оид ба усули зиндагии мардум, маърифат, фаҳмиш ва муносибати табақаҳои ҷомеа, муборизаҳои озодихоҳона, задухўрдҳои хонадони сосонӣ барои гирифтани тоҷу тахт равшан ба қалам овардаанд. Муаллиф қайд мекунанд, ки “Монавия ва Маздакия дар домони дини зардуштӣ ба вуҷуд омада, дар пайдоиш ва ташаккули ислом ва динҳои дигари ҷаҳонӣ нақши умда ва қобили мулоҳизае доранд.(1.120) Боиси зикр аст, ки маҳз бо назарияи инсондўстӣ ва рисолати беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии мардуми заҳматкаш таълимоти Маздак эътибори баланд дорад ва ин сифат дар усули давлатдории Пешвои миллат мақоми меҳварӣ дорад. Ба иборати дигар ҳар таълимоте, ки ҷавҳари инсонпарастиву башардўстӣ, некхоҳиву хайрҷўӣ ташкил мекунад дар ҳамаи давру замонҳо ба кор меояд ва ҳамчун дарси ибрат мавриди истифода қарор мегирад.
Мақолаи пурмўҳтавои “Бузургтарин марди ҷаҳон ва паёмбари дини барҳақ”, ба зиндагиномаи Пайамбари Ислом Муҳаммад(с) як инсони фурўтан, ростқавл, хоксор ва покманишу некмазҳар бахшида шудааст. Муаллиф дар асоси сарчашмаҳои мўътамади илмӣ ва таърихӣ тамоми паҳлўҳои ҳаёт ва фаъолияти паямбари исломро тасвир кардаанд. Аз ҷумла, китоби “Таърихи Табарӣ”-и Абўалӣ Муҳаммад Балъамӣ, Саҳеҳ-ал-Бухорӣ ва силсилаи тадқиқотҳои дар замони муосир аз ҷониби олимони маъруфи олам интишоршуда бо асноди мўътамадашон мавриди истифода қарор гирифтааст.

пешина
аз 601
навбатӣ