Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар мақола таърихи зиндагии Муҳаммад(с), воқеаҳои таърихи марбут ба рушди ислом бо асноди дақиқи илмиву таърихи баён шуда, ҳамзамон сифатҳои фардии пайамбари ислом, ки дар меҳвари он инсофу адолат қарор дошт, ёд кардаанд:
“Ў дар тўли зиндагиаш аз инсофу адолат, баробарию бародарӣ, дастгириву пуштибонии аҳли ислом пайравӣ мекард, шукўҳу ҷалоли зоҳириро намеписандид.” (1.157) Пешвои миллат нақши тамаддуни исломро дар баробари тамаддуни ориёӣ, тамаддуни масеҳӣ, тамаддуни яҳудӣ, тамаддуни буддоӣ, дар густариши андешаву ҷаҳонбинии инсоният дар арсаи олам бузург ва беназир қаламдод кардаанд.
Мақолаи пурмўҳтавои дигари Пешвои миллат таҳти унвони “Асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгаро”- зиндагинома ва назарияи динии Имоми Аъзамро аз чанд чашмандоз мавриди омўзиш қарор гирифтааст.
Мақола аз бобҳои «Имоми Аъзам ва ҳувияти миллӣ», «Имоми Аъзам ва ахлоқи умумиинсонӣ», «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир», «Моҳияти таҳаммулпазирии мазҳаби Имоми Аъзам» иборат буда, муаллиф дар радифи фарзандони бузурги халқи тоҷик чун Имом Исмоили Сомонӣ, Яъқуб ва Амри Лайси Саффорӣ, Оли Сомон, Исмоили Сомонӣ аз амри хайри Имоми Аъзам дар эҷоди арзишҳои миллию таърихӣ ёд кардаанд. Корномаи Имоми Аъзам дар инкишофи илми шариат беандоза бузург буда, ба андешаи муаллиф «хидмати ў махсусан дар ҳифз ва тақвияти асолати таърихӣ ва фарҳангии халқи мо бесобиқа бузург ва шоистаи қадрдонист» (1.164).
Эмомалӣ Раҳмон чун ҳамаи чеҳраҳои дигари таърихӣ дар китоб дар мавриди Имоми Аъзам низ оид ба шахсияти нотакрор ва асрори бузургиаш андешаи хешро баён кардаанд. Аз ҷумла менависанд:

пешина
аз 601
навбатӣ