Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Духтари сарбаланди диёри Мурғоб Овагул Ислаева, ки бо квотаи президентӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсилро ба анҷом расонид, бо табобати беморони ноҳияи худ машғул аст.
Сокинони ноҳияи Мурғоб донистанд, ки ваъдаҳои Президенти кишварамон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сухан не, балки дар амал буда, воқеияту ҳаққонияти онро бо чашмони худ диданд. Биноан онҳо аз ғамхориҳои Сарвари давлатамон хеле сипосгузор буда, Пешвои миллатро ҳамчун роҳбари содиқ, хирадманд, дурандеш, бузургмарди каёнифитрат самимона эҳтиром менамоянд...
Боз ҳам суханони муҳандиси эронӣ ба ёд меоянд, ки аз имконоту иқтидори даврони шўравӣ барои ободонии ҷумҳуриамон нисбат ба кишварҳои ҳамсоя камтар истифода бурданамонро бо таассуф мушоҳида кардааст.

  • Акнун ин ақибмониро Роҳбари донишманди мо, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бартараф хоҳанд кард,- муҳандиси тоҷик ба бародари эронӣ ҳамин тавр посух гуфта буд.
    Имрўз шукрона мегўем, ки он ақибмонии замони шўравӣ дар ҷумҳурии мо босуръат бартараф шуда истодаанд.
    Аз замони таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба арсаи роҳбарии Ватан зуҳур намудани мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шахсиятҳои зайл зимомдорони кишвар буданд:
    Абдуқодир Муҳиддинов, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ўлҷабоев, Ҷаббор Расулов, Раҳмон Набиев, Қаҳҳор Маҳкамов.
    Албатта, дар солҳои роҳбарии чор нафари аввал имконияти сохтмону ободонӣ хеле ночиз буд, ин фаҳмост.
    Лекин замони панҷ нафари охирро бо даврони бисту сеюмин соли ҳукуматдорию давлатсозии мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муқоиса намоем, тафовут аз замин то осмон аст!
пешина
аз 601
навбатӣ