Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Воқеан ҳам, саҳми Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ободонии кишвар беназир аст!
Аз ин рў, посухи муҳандиси тоҷик комилан саҳеҳ мебошад. Дар ҳақиқат Роҳбари донишманд, ҷасур ва ғамхори тоҷикон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ақибмонии ҳафтодсолаи шўравиро дар Тоҷикистони азиз бартараф карданд.
Ва табиист, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”-ро қабул кард.
Интихоби Пешвои миллат зарурати давлатдории навини тоҷикон буда, ин талабу хоҳиши умуми халқ аст.
Дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамон аст. Президенти Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан барои халқ ва миллати мо хизматҳои бузурги таърихӣ карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз фурўпошӣ наҷот додааст. Таҳти роҳбарии бевоситаи ў пояҳои давлатдорӣ, заминаҳои низоми ҳуқуқӣ, нахустин Конститутсияи халқӣ қабул шуданд. Эҳёи арзишҳои динӣ ва миллӣ оғоз гардида, кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, истиқлолияти озуқаворӣ таъмин гашта, роҳи давлатдории Тоҷикистон ба сўи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ-дунявӣ ва ягона шурўъ гардидааст.
Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳақиқатан ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат аст.
Душанбе, январи с.2012
Очерки мазкур дар ҳаммуалифӣ бо Мансури Суруш навишта шудааст

ИНТИХОБИ МО ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Барои кишвари тозаистиқлоламон давраи нав фаро
мерасад. Он дар ҳаёти ҳар яки мову шумо, ҳам дар ҳаёти ҷомеа марҳилаи нав мекушояд.

пешина
аз 601
навбатӣ