ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ба андешаи муаллиф Эмомалӣ Раҳмон «Кори давлатдории худро бо фарҳанг оғоз
кард». Ба қавли ў дар маркази шаҳри Душанбе – пойтахти
меҳанамон Тоҷикистон қомат афрохтани пайкараи бузурги Исмоили Сомонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки Сарвари
давлат қадами устуворе дар баланд бардоштани маънавиёти миллат гузоштааст. Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон идомабахши пешаи нахустин асосгузори давлати тоҷикон
Исмоили Сомонист, ки тавонист миллатро дар партави
фарҳанги воло аз парокандагӣ наҷот бахшад. Муаллифи
мақола дуруст зикр мекунад, ки Пешвои миллат номидани Сарвари давлат ин ҳам падидаи фарҳангист, ки он
омили муттаҳид шудани халқи тоҷик дар атрофи сарвари
хеш мебошад. Дар мақола оид ба чорабиниву воқеаҳои фараҳбахши фарҳангие, ки давоми бештар аз бист соли охир
рўи кор омадаанд, сухан рафтааст. Аз мақола метавон чунин бардошти саҳеҳ кард, ки Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро
ба омили таҳкимбахши ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми
тоҷик табдил дод. Ҳамин мавзўъ дар нигоштаи доктори
илмҳои педагогӣ, профессор Диловар Латипов “Фарҳанг
ва таҳкими ваҳдати миллӣ“ вусъат ёфта, муаллиф ба масъалаи муҳим муносибати халқу миллатҳо ва якпорчагии Ватани азизамон руҷўъ менамояд. Муаллиф ба воқеаҳои солҳои 90-ум ба чашми таҳқиқ назар карда, зикр мекунад, ки
он замон майдони маҳалчигӣ, миллатгароӣ ва дигар падидаҳои ғайричашмдошт пайдо шуд, ки дар натиҷа алоқаҳои
мадании давлатҳо ва ҳатто гурўҳҳои гуногуни миллиро
дар доираи як давлат халалдор кард. Арзишҳои фарҳангӣ, ки аслан воситаи муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад, он замон бо “эҳтимом”-и душманони миллат дар
баробари дигар омилҳо падидаҳои фарҳангии маҳалҳои
гуногуни кишварро зидди ҳам гузошта, ҳамчун омили сар
задани ҷанги шаҳрвандӣ истифода карданд. Сарвари давлат бошад, бо ақлу заковати баланди хеш тавонистанд, фарҳанг, ҳунар ва санъатро барои бунёди ваҳдати миллӣ истифода баранд, ки дар натиҷа беҳтарин арзишҳо ва комёбиҳои маҳалҳои гуногуни мамлакат фарҳанги умумимиллии моро ғанӣ сохт ва манфиати моро дар дохил ва хориҷи кишвар ҳифз намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор