Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, давоми 25 соли истиқлолияти кишвар собит шуд дар ба даст овардани ваҳдати миллӣ нақши фарҳанг, махсусан фарҳанги маънавӣ хеле бузург аст.
Дар мақолаи доктори илмҳои таърих, профессор Абдуфаттоҳ Шарифзода «Оғози неку наҷотбахш» мухтасар ба таърихи начандон дури кишвари мо ва мақоми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёду такмили давлату давлатдорӣ руҷўъ шудааст. Муаллиф дар бораи Иҷлосияи таърихии шонздаҳум сухан карда, ба ёд меорад, ки дар он рўзҳои фоҷиавӣ бештари сиёсатмадорони кордон мўътақид буданд, ки дар вазъияти ба вуҷудомада ягон ходими шоистаи давлатӣ пайдо намегардад, ки корвонро сорбонӣ кунад. Муаллиф аз изҳороти таърихии Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сардори давлат ба вакилони мардумӣ ёдрас мешавад: «Аввалин иқдоми ман баҳри мўътадил гардонидани вазъияти иҷтимоиву сиёсии ҷумҳурӣ, хотима бахшидан ба хунрезӣ равон карда мешавад». Муаллиф дуруст зикр мекунад, ки замону таҷрибаи таърихӣ исбот карданд, ки барои Эмомалӣ Раҳмони интихобшуда роҳи дигари алтернативӣ вуҷуд надошт. Муҳимтар аз ҳама, Эмомалӣ Раҳмон он замон масъулияти бузургро ба зиммаи худ гирифта, манфиатҳои умумихалқиро бар манфиатҳои шахсӣ, гурўҳӣ, маҳаллӣ ва минтақавӣ муқаддам донист.
Абдураҳим Холиқзода, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор дар мақолаи худ «Се амали таърихии Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» перомуни хидматҳои шоиста ва боистаи Ҷаноби Олӣ дар мавриди эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгон сухан кардааст.

пешина
аз 601
навбатӣ