Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Якум амали Сарвари давлатро муаллифи мақола дар таъсиси ҳокимияти давлатӣ мебинад. Зеро маҳз ташкил намудани низоми дурусти идораи давлат, таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии низоми идора, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таҳияи низоми судӣ метавонист халқро аз балои ба сараш омада халос намояд. Ў зикр мекунад, ки ин амалро Сарвари давлат дар ҷои холӣ ва низоми фалаҷи мақомоти давлатӣ роҳандозӣ намуд, ки имрўз низоми идоравии амалкунанда сифатан аз даврони шўравӣ ва ҳатто ибтидои замони истиқлолият фарқи куллӣ дорад. Амали дуюми Президентро муаллифи мақола дар фароҳам овардани ваҳдати миллӣ мебинад. Бо мисолҳои собит зикр мекунад, ки Сарвари давлат тавонист дар як муддати кўтоҳ оташи ҷанги шаҳрвандиро хомўш кунад ва ваҳдати миллиро барқарор созад. Амали сеюми Сарвари давлат интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, ки ба сўи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона равона мекард, тавонист кишвари моро ба оламиён чун давлати пешрав муаррифӣ намояд.
Дар мақолаи Лутфия Раҷабова – Раиси кумитаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат дар рушди соҳаи маориф» оид ба хидматҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди маорифи кишвар сухан рафтааст. Муаллиф дар баробари он ки оид ба воситаҳои танзимкунандаи соҳаи маориф, санадҳои меъёри ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намояд, зикр мекунад, ки маҳз бо нишондод ва дастгирии Сарвари давлат дар соҳаи маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омад. Махсусан, эълон шудани соли 2010 «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» такони ҷиддие дар ин соҳа буд. Муаллиф қайд мекунад, ки гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таъсиси низоми ягонаи қабул ба мактабҳои олӣ тавассути маркази миллии тестӣ дастовардҳое мебошанд, ки ҷиҳати рушди соҳаи илму маориф тайёр намудани мутахассисони илмҳои дақиқ такони ҷиддӣ дод.

пешина
аз 601
навбатӣ