ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Нуктаи бориз ин аст, ки зиёда аз 16000 нафар ҷавондухтарон ва ҷавонписарони болаёқат тибқи квотаи президентӣ дорои маълумоти олӣ ва соҳиби касб шуда, ба халқу Ватан содиқона хизмат карда истодаанд.
Дар китоби «Эмомалӣ – Пешвои миллат» якчанд мақолаи дигар аз ҷумла, мақолаи Қосимзода Идигул «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди устувори соҳаи маориф», Латофат Назирова «Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон – омўзгор, мураббӣ», Ғуломқодир Бобизода «Пешвои миллат ва рушди мактабу маориф», Ҳамидуллохон Фақиров «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат» оид ба рушди маорифи Тоҷикистон бо дастгириву пуштибонии Сарвари давлат бахшида шудааст. Махсусан, оид ба таваҷҷўҳи Пешвои миллат ба мустахқам кардани базаи моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, татбиқи ҳамаҷониба ва саривақтии барномаҳои давлатии компютеркунонии муассисаҳо, таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кадрҳои соҳибихтисоси омўзгорӣ, таъсиси муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типии нави инноватсионӣ ва монанди инҳо муаллифони номбурда изҳори назар кардаанд. Аз нигоштаи муаллифон ҳақиқати воқеии фаъолияти Сарвари давлат, ки маорифро яке аз рукнҳои муҳими зиндагии имрўза меҳисобад, возеҳ мешавад.
Дар мақолаҳои Ҷонмамадов Шермамад «Донишгоҳ зодаи истиқлолият аст», Мўъмин Шарипов «Хизмати таърихии Пешвои миллат» дар бораи хидматҳои бузург ва таваҷҷўҳи беандозаи Сарвари давлат ба фаъолияти мактабҳои олӣ, аз ҷумла, рушду такомули донишгоҳҳои олӣ дар қаламрави кишвар сухан меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор