Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар мақолаи Насиба Сиддиқова «Кафили рушди босубот” хидмату саҳми Пешвои миллатро баробари дар ҷабҳаву самтҳои гуногун зикр кардан дар таҳия ва қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. Ҳамзамон, оид ба моҳияти қабули ду қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон яке «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигаре «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муаллиф ба тафсил қалам ронда, ба хулосаи илмӣ мерасад, ки манзмун ва мундариҷаи ҳар ду қонун хусусияти миллиро шомил мебошанд. Воқеан, ин ду қонун дар мавриди тарбияи мардум оид ба мувофиқ намудани руҳияи онҳо ба талаботи замон, аҷргузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодон, шикастани қолабҳои исрофкорӣ дар маъракаҳо, дур шудан аз зоҳирпарастиву худнамоӣ ва покиза нигоҳ доштани расму суннатҳои динӣ арзиши баландро доро буда, саривақтӣ ва муҳим будани худро исбот карданд. Муаллиф дар радифи силсилаи хислатҳои шоиста ишора ба масъулиятшиносии Сарвари давлат менамояд, ки дар давраи вазнину тақдирсози таърихӣ бо иродаи қавӣ заковатмандӣ ва дурбинӣ ҳамаи вазниниро ба дўши хеш гирифта, дар ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии кишвар нақши муассир ва ҳалкунанда гузоштааст.
Мусаллам аст, ки Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияти сиёсии худ дар сатҳи роҳбарикунанда ба масъалаи ҷавонон ва нақши онҳо дар пешрафти ҷомеа таваҷҷўҳи хоса доранд. Сарвари давлат ба ҷавонони кишвар эътимод ва бовариии калон доранд ва ояндаи миллатро ба ақлу заковат, ҷаҳонбинии васеъ, масъулиятшиносӣ ва ватандўстиии ҷавонон мебинанд.

пешина
аз 601
навбатӣ