Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақолааш «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25 соли истиқлоли давлатӣ», ҷавонони мамлакатро пайрави Пешвои миллат ва кору пайкори Эмомалӣ Раҳмонро мактаби бузурги омўзиши ҷавонон хондааст. Самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолияти Тоҷикистон мебошад, ки ин натиҷаи таваҷҷўҳ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Сулҳ ва ваҳдати миллӣ мавзўи меҳварии китоби «Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллат» ба ҳисоб меравад, зеро бузургтарин хизмати Пешвои миллат ин барқарории сулҳу ваҳдат дар кишвар мебошад. Муаллифони мақолаҳо қабл аз зикри хидматҳои дигари Пешвои миллат дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷоннисориву ҷонбозиҳои ў дар барқарор ва ваҳдати миллӣ ибрози назар кардаанд.
Марбут ба ин мавзўъ мақолаҳои алоҳида низ бахшида шудааст, ки яке аз онҳо «Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон»
унвон гирифтааст, ки ба қалами Худойбердӣ Холиқназаров – директори маркази тадқиқотӣ-стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутааллиқ аст. Муаллиф аз санаи 27 июни соли 1997 ёд мекунад, ки бо кўшиши Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гардид. Муаллиф аз таърихи гуфтугўву музокираҳо ёд карда, аз шуҷоату ҷасорати нотакрор доштани Эмомалӣ Раҳмон ҳикоят мекунад.
Ба қалам додани нуқтаи назари вазири дифои Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд соли 1995 пас аз баргаштани ҳайати ҳукумати Тоҷикистон аз Кобул ба Душанбе аз шуҷоат,

пешина
аз 601
навбатӣ