Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

далерӣ ва миллатдўстии Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад:
«Раҳбари Тоҷикистонро ман ҳамчун шахсияте дарёфтам, ки халқи кишвараш, миллати тоҷикро, ватанаш Тоҷикистонро хеле амиқ ва самимона дўст медорад. Барои беҳбудии халқу марзу бумаш омодааст ҷонбозиҳо кунад. Бо чунин Раис тоҷикон ҳатман ба сулҳу оштӣ даст хоҳанд ёфт».
Носирҷон Салимӣ, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мақолаи хеш “Пешвои барҳақ” иртиботи батнии фаъолияти имрўзаи Сарвари давлатро бо дарунмояи фикрии давлатдории хонадони Сомониён дарёб карда, имрўза ҳифзу инкишофи забон ва ҳувияти тоҷиконро аз ҷониби Пешвои миллат ба ҷоннисориҳои даҳ аср муққаддами Исмоили Сомонӣ монанд мекунад. Муаллиф ба барномарезиҳои оқилонаи Президенти кишвар дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ ишора карда, зикр менамояд, ки он дар густариши фазои демократӣ нақши бориз гузошт ва “дарёфти тавозуну таносуб дар ҳама самтҳои фаъолияти сиёсӣ бо ҳусни таваҷҷўҳ ба армонҳои мардум адолати иҷтимоиро дар бунёди низоми нави давлатдорӣ устувор намуд, ки аз заминаҳои бисёр муҳими пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол буд”. Нуктаи зарифи дигаре, ки дар мақола таззакур ёфтааст, чун гавҳари офариниш дар меҳвари сиёсати Президенти Тоҷикистон қарор доштани инсон мебошад, ки арзиши олиро сазовор аст. Муаллиф аз таҷлили ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, аз қабили ҳазораи “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ, 675-солагии ғазалсарои бузург Камоли Хуҷандӣ, 700-солагии олим, шоир, мутафаккири барҷастаи Шарқ Мисаид Алии Ҳамадонӣ, 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии китоби муқаддаси “Авасто”, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 1000-солагии Носири Хисрав, 1025-солагии Ибни Сино, 2700-солагии шаҳри бостонии Кўлоб, Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 1150-солагии Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ ва 1310-солагии пешвои мазҳабии миллати мо – Имом Абўҳанифа (р), 3000-солагии Ҳисори шодмон ёдовар шуда, зикр мекунад, ки ин зуҳуроти раванди пурвусъати бозҷўии асолати миллӣ маҳсуб мешавад ва он маҳсули ибтикор ва раҳнамоиҳои мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

пешина
аз 601
навбатӣ