ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар ин мақола бо асноди собит зикр мегардад, ки сиёсати Сарвари давлати мо маънавиасос буда, дар худ сабақҳои таърихи миллатро таҷҷассум мекунад ва роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан менамояд.
Дар мақолаи Ҷамшед Ҷўрабоев – доктори илмҳои таърих, профессор “Эмомалӣ Раҳмон ва масоили андешаҳои миллӣ” сухан дар бораи китоби якум ва дувуми пурарзиши Сарвари давлатамон “Тоҷикон дар оинаи таърих”. Аз Ориён то Сомониён” рафтааст. Муаллиф дар мавриди аҳамияти таърихии асар сухан оғоз карда, менависад, ки “омўзиши асар дар бунёдгузорӣ, ташаккул ва рушди тақвияти андешаи миллии халқи тоҷик аҳамияти беандоза муҳим дорад.” Дар мақола аз китоби мазкур дар радифи нигоштаҳои пурқиммати Савари давлат оид ба таърих ва сабақбардорӣ аз он, нуктаи зерин махсус қайд шудааст: “Сабақҳои ибратомўзи таърих роҳи гузаштаву имрўзу ояндаро пешорўи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдории тоҷиконро бароямон мекушояд”. Дар мақола масъалаи таърихнигорӣ ва аҳамияти таҳқиқи таърих мавриди тавзеҳ қарор мегирад, ки Сарвари давлат онро аз масъалаҳои муҳим шуморида, донистани таърихи гузаштаи чи дуру чи наздикро дар камолоти шахсият ва ташаккули ҷомеа дорои аҳамияти аввалиндараҷа медонанд. Дар идома муаллиф андешаи Пешвои миллатро оид ба таърих ва бардошт аз сабақҳои он аз китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”. Аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор