ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ориён то Сомониён” истинод менамояд, ки он агар аз як ҷониб ифодагари меҳру аҷргузорӣ ба гузаштагони сарбаланди мо бошад, аз ҷониби дигар баёнгари дониши баланд ва истеъдоди фавқулоддаи пажўҳишгарии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад:
“Мехоҳам пораҳои шикастаро васл кунам, риштаҳои гусастаро бо ҳам бипайвандам, ҳақро аз ноҳақ, ростро аз дурўғ ҷудо карда, аз сабақҳои таърих панде биомўзам”.
Ҳамчунин, дар мақолаи мазкур назари илмии Эмомалӣ Раҳмон оид ба китоби муқаддаси “Авасто”, рисолати таърихии Зардушт ва таълимоти ў сухан меравад. Воқеан ин таълимот, ки ҷавҳарашро “пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек” ташкил мекунад, Сарвари давлат ба як маънӣ, яке аз ҷанбаҳои сиёсати хирадмандонаи хеш донистаанд, ки мардумро ба сўи рўшноӣ, ваҳдату ягонагӣ, созандагиву ободкорӣ раҳнамун месозад. Ҳини таҳқиқ сари китоби дувуми “Тоҷикон дар оинаи таърих”. Аз Ориён то Сомониён” муаллифи мақола оид ба методологияи нави омўзиши таърихи ниёгон, ки аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мегардад, ибрози назар мекунад. Аз ҷумла, пешниҳоди Сарвари давлат дар бораи оғози давлатдории тоҷиконро аз давлатдории Каёниён, на аз даврони Сомониён маҳсуб донистан аз назари илми таърих сухани тозаест, ки дар натиҷаи таҳқиқи амиқ ва жарфо рўи кор омадааст. Ҷамшед Ҷўрабоев ҳамаи бобҳои китобро аз назари арзиши таърихӣ баҳогузорӣ намуда, ба хулосае меояд, ки Сарвари давлат дар ин китоби баландпояи хеш андешаҳои миллии тоҷиконро бо арзишҳои тозаи маънавӣ ғанӣ гардонидааст.
Дар такя ба маводҳои илмиву таърихии китоби Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих”. Аз Ориён то Сомониён” доктори илмҳои филология, профессор Нуралӣ Солеҳов дар мақолаи худ «Мақом ва манзалати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди маънавиёт ва ҳувияти миллии тоҷик» мавзўи болоиро идома бахшидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор