ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар ин самт бо ташаббуси Пешвои миллат эҳё шудани ҷашни Наврўз ва мақоми давлатӣ гирифтани онро аз муҳимтарин дастовардҳо ва аз рукнҳои муҳими мафкураи миллии мардуми тоҷик дар замони истиқлолият шуморидааст. Муаллифи мақола ба таърихи начандон дури ба баҳонаи ҷашни динӣ дучори таъқибу маҳдудиятҳо гаштани Наврўз таваққуф менамояд. Воқеан, ҷашни Наврўз маҳз мақому манзалати аслии худро дар замони Истиқлолияти миллӣ дарёфт ва моҳиятан ба дуввумин ҷашни миллӣ (баъди Рўзи Истиқлолият) табдил ёфт. Ба қавли Пешвои миллат «Пос доштани Наврўз ҳамчун суннати аҷдодӣ барои ҳар яки мо амри ҳаётӣ ва рисолати муҳими миллӣ мебошад. Зеро тамаддуни Ориёӣ ба инсоният ҷашнеро пешкаш намудааст, ки бар пояи меҳру садоқат ва хираду заковат бунёд шуда, рамзи пирўзии ақлу хирад бар ҷаҳлу зулмат ба шумор меравад».
Мақолаҳои номзади илмҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳов – «Роҳ сўи рушди устувор бо сарварии Пешвои миллат» доктори илмҳои иқтисод, профессор Диловар Қодирзода «Нақши пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисоди миллӣ», доктори илмҳои иқтисод Лутфулло Саидмуродов «Нақши Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули заминаҳои иқтисодиёти конститутсионӣ дар Тоҷикистон» ба масъалаи мақоми Сарвари давлат дар ташаккул ва инкишофи иқтисодиёти кишвар бахшида шудааст. Дар мақолаи якум оид ба се ҳадафи марҳалаи аввал, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ сухан рафта, зикр мегардад, ки минбаъд бо пешниҳоди Президенти кишвар сифати нав касб кардани ҳадафҳо, аз ҷумла, гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши нерўи барқ, аз бунбасти комуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан ва таъмин намудани амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ташкил хоҳад дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор