ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Муаллиф бо санаду мисолҳои мушшахас оид ба амалигардонии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла, ҷалб намудани сармоягузорони хориҷа, рушди инфрасохтории соҳаи саноат ва истифодаи технологияи инноватсионӣ, дифферсификатсия намудани содироти ватанӣ, амалигардонии сиёсати ивазкунадаи воридот, ки ҳамагӣ назари нисбатан нави Пешвои миллат дар ин самт мебошад, қалам рондааст. Дар мақола андешаҳо, пешниҳодҳо, иқдому дастуроти муҳим ва муфиди Сарвари давлат барои пешрафти иқтисодиёти тоҷик баён, таҳлил ва баҳогузорӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар мавриди рушди соҳаи энергетика, дуруст қайд мешавад, ки бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат лоиҳаи бунёди шабакаи ягонаи энергетикии кишвар дар асоси муттаҳидсозии шабакаҳои ҷануб ва шимоли кишвар амалӣ гардиданд. Бо таъкидҳо ва сарварии Сарвари давлат тадбирҳо дар самти муайан намудани сарчашмаҳои нави захираҳои энергетикӣ андешида шуда истодаанд, лоиҳаи НБО-и Роғун амалӣ гардида истодааст ва аз ҷумла, дар оянда ба кишварҳои минтақа фурўхтани нерўи барқ лоиҳаи КАСА-1000 амалӣ гардида истодааст. Муаллиф дар амалӣ шудани ҳадафҳои олии Пешвои миллат дар самти беҳдошт иқтисодиёт ҷидду ҷаҳд, ҳиммати баланд ва меҳнатдустии мардуми кишварро низ муҳим мешуморад ва изҳори боварӣ мекунад, ки сокинони диёр якдилона Пешвои хешро дастгирӣ мекунанд.
Диловар Қодирзода назаре ба таърихи ташаккул ва инкишофи иқтисодиёти мамлакт менамояд ва аз душвориҳои дар солҳои 90-ум мавҷуд будаи ин соҳа бо санаду мисолҳои мушаххас ибрози назар мекунад. Аз таҳлили дастовардҳои соҳаи иқтисод дар солҳои истиқлолият маълум мегардад, ки дар барқарор кардани иқтисодиёти кишвар нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор