ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Муаллифи мақола бо нақшаи махсус динамикаи афзоиши ММД-и Ҷумҳурии Тоҷикистони солҳои 1996-2014-ро нишон медиҳад, ки он аз 910 млн доллари ИМА (с.1996) ба 9,24 млрд доллари ИМА расонида шуд. Ҳамчунин, дар мақола таҳлили муқоисавии нишондиҳандаҳои маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ низ сурат гирифтааст, ки аз беҳдошти вазъи зиндагии мардум дарак медиҳад ва ҳадафи дигари Сарвари Давлат масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, бекорӣ бад-ин васила таъмин намудани шуғли аҳолӣ то андозае ҳалли худро ёфт.
Лутфулло Саидмуродов бошад, дар мақолаи пурмўҳтаво ва пурарзиши худ ба масъалаи ташаккули иқтисодиёти конститутсионӣ, яъне таъсири ҳуқуқи конститутсионӣ ба равандҳои иқтисодӣ руҷўъ намуда, мақоми Сарвари давлатро дар ин раванд муассир ва таърихӣ шуморидааст.
Ба андешаи ў ба туфайли иродаи қавии сиёсии Президенти кишвар марҳалаи фаъоли шаклгирӣ ва рушди асосҳои иқтисодиёти конститусионӣ дар Тоҷикистон ҷанбаи комилан нави сифатиро ба худ касб кард.
Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов дар мақолаи хеш “Пешвои миллат ва таърихи навин” ҳамчун нафаре, ки бештар аз бист сол таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият доштааст, аз мушоҳидаҳои шахсии хеш бо овардани санадҳои воқеӣ аз иродаи сиёсии Пешвои миллат дар мавриди паси сар кардани ҳама гуна мушкилот ибрози назар кардааст. Нақли муаллиф аз аввалин суханронии Сарвари давлат дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд оғоз меёбад ва дар мавриди санаи 19 ноябри соли 1992, баъди Раиси Шўрои Олӣ интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон муаллиф қайд менамояд, ки “Барои ба дўш гирифтани бори сангини роҳбари мамлакат иродаи матини сиёсӣ ва дили саршор аз меҳру муҳаббат ба халқу Ватани Эмомалӣ Раҳмон лозим буд ва ў дар байни элитаи сиёсии онвақта ба худ ҳамтое надошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор