ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Гузашта аз ин, муаллифи мақола аз ҳиммати баланд, ҷасорату дурбинии Сарвари давлат давоми фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ, сафарҳои Президент барои музокира ба Афғонистон хотираҳои хешро баён намуда, бо ифтихор аз моҳи октябри соли 2005 Рўзи Тоҷикистон дар Юнеско – Созмони маориф, илм ва фарҳанги Милали Муттаҳид ёд мекунад.
Аз мулоқоти Президенти мо бо Президенти Фаронса Жак Ширак зикр карда, бо ифтихор аз он сухан менамояд, ки дар Фаронса Сарвари мамлакти Тоҷиконро дар сатҳи баробар бо генерал де Голл баҳогузорӣ кардаанд.
Ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии
Тоҷикистон Кароматулло Олимов бо мақолаи худ таҳти унвони «Нигоҳе ба таҷрибаи давлатсозӣ ва фарҳангсолории Пешвои миллати тоҷик» се хусусияти шахстиятҳои таърихиро номбар намудааст: нерўи тафаккури ҳадсӣ, қобилияти ба вуҷуд овардани раванди сохторофаринӣ ва омода будан ба фидокорӣ. Дар мисоли ин шахсияти таърихӣ муаллиф аз зиндагинома ва фидокориҳои асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ муҳимтарин нуктаҳое, ки қавииродагӣ, сиёсатмадорӣ, ватанпарастии ўро собит мекунад, баён менамояд. Ва дар ин самт шинохтани шахсияти Исмоили Сомонӣ ва арҷгузорӣ ба ў аз ҷониби Сарвари давлат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барои сарҷамъии миллат ва ваҳдати он ҳамчун василаи муҳим шинохтан маънии онро дорад, ки “бузургонро бузургон зинда медоранд”. Кароматулло Олимов низ ба таърихи даврони оғози Истиқлолият руҷўъ менамояд ва зикр мекунад, ки маҳз маънавияти баланд, донистани таърих, таваҷҷўҳ ба илм, иқдомҳои фарҳангии Сарвари давлат моро то ба ин рўзи неку ором овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор