ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар мақолаи Сахидод Раҳматуллозода “Нашъунамои забони давлатӣ – тантанаи сиёсати миллии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон” ба яке аз масъалаҳои муҳими давлати забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар оғоз аз таърихи забон, се давраи инкишофи он, бурду бохти забон изҳори назар намуда, қайд менамояд, ки “Баъд аз зимоми давлатдориро ба даст гирифтани меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи татбиқи Қонуни забон муҷаддадан дар мадди назари ҳукумат, хусусан Сарвари он қарор гирифт. Зимнан, муаллиф дар бораи таърихчаи иҷрои Қонуни забон, мушкилоти он, кори комиссияи татбиқи Қонуни забон, такмили муҷаддади имлои забони тоҷикӣ, баҳсу мунозираи олимону муҳаққиқон сухан карда, мақоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳифзи забони модарии мо бо санадҳои собит зикр менамояд.
Номзади илмҳои таърих, дотсент Мамадризо Алимшоев оид ба рушди босуботи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ки ҳамешагӣ дар таваҷҷўҳи Сарвари давлат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, дар мақолааш “Истиқлолияти давлатӣ – рушди босуботи ВМКБ” ба тафсил сухан кардааст. Ин мақола бозгўкунандаи таваҷҷўҳи Сарвари давлат ба рушду инкишофи тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мебошад.
Дар мақолаҳои раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим “Пеши роҳи ту во бод”, шоир Меҳмон Бахтӣ “Раҳнамо ва меҳрпарвари миллат”, шоир Назри Яздонӣ “Пешвои маърифату ваҳдати миллӣ” файласуф Нодир Одилов “Беҳтарин сиёсат садоқат аст”, доктори илмҳои филология профессор Атахон Сайфуллоев “Фарҳангсолори бузург” хусусиятҳои нодири роҳбарӣ, инсонӣ ва кордонии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо баёни факту далелҳои мўътамад ироа гардидаааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор