Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, ағлаби мақолаҳои китоби «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат» дар заминаи омўзишу таҳқиқи амиқи илмӣ аз ҷониби шахсиятҳои донишманду фозил ва таҳлилгарони жарфназар, ки назари мустақилу воқеъӣ доранд, таълиф шудааст ва маводеро пешорўи хонанда вогузоштааст, ки шомили маълумоти як андоза мукаммал дар бораи фаъолияти пурсамари сиёсии Пешвои миллати тоҷик, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Китоби мазкур метавонад ҳамчун як сарчашмаи муқаддамотӣ барои таълифи минбаъдаи як китоби фундаменталӣ дар бораи Сарвари давлат заминагузор бошад.
Зеро китоб дорои нуктаҳои тозаи зарифест, ки агар аз як ҷониб муттахасисони ҳирфавӣ ба фаъолияти сиёсии Сарвари давлат дар ҷабҳаҳои гуногун баҳои воқеӣ дода бошанд, аз ҷониби дигар, баъзе аз арзишҳои сиёсиву миллии фаъолияти Президент бори аввал баъди гузашти фосилаи таърихӣ, баъди ҷамбасти як марҳалаи ташаккул ва инкишофи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар баён гардидааст. Нуктаи муҳими дигар ин аст, ки фаъолияти Президенти кишвар ба таърихи Ватани азизи мо сахт марбут аст ва ин маънии онро дорад, ки навиштани зиндагинома ва фаъолияти Сарвари давлат бо назари таҳлилу таҳқиқи илмӣ баробар бо навиштани таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Соли 2016

пешина
аз 601
навбатӣ