ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
ИМКОНИЯТИ ГУСТУРДА ВА МАСЪУЛИЯТИ
ВАТАНДОРӢ
Эълон шудани “Соли 2017 – Соли ҷавонон” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агар аз як тараф ҷамъбасти
як марҳалаи бузурги чораҷўиҳои Ҳукумату давлат дар
баланд бардоштани мавқеву мақоми ҷавонон дар ҷомеа
маҳсуб гардад, аз тарафи дигар оғози марҳала ва муносибати нав ба фаъолияти ҷавонони даврони Истиқлол ба
шумор меравад. Зеро ҷавонон ҳамешагӣ дар ҳамаи аёму
марҳалаҳо пешсафи ҷомеа мебошанду давлату Ҳукумат ба
онҳо ҳамчун нерўи созанда ва пешбар муносибат менамояд
ва ба фазилату дониш, истеъдод ва матонату мардонагии
онҳо арҷ мегузорад. Таърих гувоҳ аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳанўз баъди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои
Олӣ ҳамчун Сарвари давлат санаи 2 феврали соли 1993
бо ҷавонони кишвар мулоқот оростанд. Дар ин мулоқот
зимни маърўзаи барномавии хеш чунин иброз намуда буданд: “Имрўз дар ин толор ман аз чеҳраи кушоди Шумо
гармии чеҳраи ҷавонони кишварро эҳсос менамоям. Мақсад доштам, ки нахуст бо падарону пирони баронидили
рўзгордида мулоқоте доир намоям, чунки онҳо зиндагиву ҳастии худро барои обод намудани ҷумҳурӣ сарф кардаанд. Аммо ҷавонии Шумо ақидаамро дигар кард, маро
водор намуд, ки аввал бо Шумо вохўрӣ намоям”. Сарвари давлат дар ин мулоқот ба ҷавонон аз ҳадафҳо, нақшаву барномаҳои хеш дар бунёди давлати соҳибистиқлол ва
барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ сухан карда, ба
ҷавонон талқин намуданд, ки давлату ҳукумат ба Шумо
такя менамояд ва фардои ин миллати азизу бузург дар
дасти Шумост. Пешниҳоду дархостҳо, вазифагузориву нишондодҳои Пешвои миллат қадам ба қадам, зина ба зина густурдатар дар рушди ҳаёти ҷавонон таъсири худро гузошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор