Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз ҷумла, ширкати Сарвари давлат санаи 4 сентябри соли 1993 дар ҷамъомади Шўрои марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва 17 марти соли 1994 дар Анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз он шаҳодат медод, ки Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар такя менамоянд, ба ҳиммату матонат ва фидокории онҳо бовар доранд. Сухани Сарвари давлат дар ин анҷуман: “манфиати халқу давлатро нисбат ба ҳадафҳои рўзмарраи гурўҳҳо, ҳизбҳо ва созмонҳои алоҳида боло гирифтан” сармашқи фаъолияти ҷавонони он рўзгор гардид ва муҳимтар аз ҳама, идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ, муттаҳидиву ягонагӣ, дўстиву бародарӣ ва пешрафти Ватани азиз мўҳри ҷовидонӣ бар худ баст ва он дастури ҳамешагии зандагии сарфарозонаи мо маҳсуб мешавад. Соли 1994 бо баргузории раъйпурсии умумихалқӣ, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ҳамзамон ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии ҷавонон мушахас гардид. Ин воқеаҳои фараҳбахши сиёсӣ баёнгари он аст, ки ҷавонон ва ҳастии онҳо, фаъолият ва рушди онҳо, мақом ва манзалати онҳо дар ҷомеа аз оғози фаъолияти Сарвари давлат дар мадди назар қарор дошт ва имрўз бо тобишҳои нави маънавии худ идома дорад.
Яке аз анъанаҳои неке, ки минбаъд дар баланд шудани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ва ҷалб шудани онҳо ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъсир гузошт ин мулоқотҳои ҳамасолаи Президенти Тоҷикистон бо ҷавонон маҳсуб мешавад. Мулоқотҳо имкон медод то ҳамасола чеҳраҳои нави сиёсиву фарҳангӣ, ҳунариву илмӣ, варзишиву тахассусӣ дар байни ҷомеа муаррифӣ шаванд ва руҳияи бунёдкориву эҷодкорӣ дар байни ҷавонон вусъат пайдо намояд. Яке аз ин гуна мулоқотҳои таърихӣ санаи 23 майи соли 1997, дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» баргузор шуд ва дар он Фармони

пешина
аз 601
навбатӣ