ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Президенти Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон»
рўи кор омад, ки тибқи он Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Бе шубҳа, ин воқеаи бузурги таърихист, ки дар ҳалли сиёсати давлатии ҷавонон марҳалаи навро рўи кор овард. Басо рамзист, ки маҳз ҳамин сол дар Соли ҷавонон кумитаи мазкур 20-солагии таъсисёбии хешро ҷашн мегирад, ки ин низ дар таърихи навини кишвардории тоҷик падидаи беназир маҳсуб мешавад. Бо гузашти замон пешниҳоду дархост, ниятҳои неки Сарвари давлат оид ба баланд бардоштани мақоми ҷавонон, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онҳо, дарёфти истеъдодҳои нодир дар ҳамаи соҳаҳо, ҷалб кардан ба корҳо ва вазифаҳои масъул амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, таъсиси Стипендия Президент, Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, оғози фаъолияти тозаи газетаи «Ҷавонони Тоҷикистон», аз ҳисоби ҷавонон пешбарӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ ва соли 2004 қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав ва силсилаи зиёди чораҷўиҳои дигар шоҳид ба андешаҳои болост. Ҳамин тариқ давоми ин солҳо «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон» «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020 қабул шуданд, ки дар маҷмўъ, ҳамаи онҳо дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон имконияти густурдаро фароҳам овард, мақому мавқеъи ҷавононро дар ҷомеа баланд бардошт ва устувор гардонид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор