Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳамзамон, аз баракоти Истиқлоли кишвар ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷалб гардиданд ва дар бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ саҳм гузоштанд. Ба иборати дигар метавон гуфт, ки Пешвои миллат дар пиёда кардани сиёсати давлатии ҷавонон, набзи айём ва руҳи ҷавононро мавриди омўзиш қарор дода, барномаҳои давлатиро бо назардошти тамоми паҳлўҳои зиндагии ҷавонони Тоҷикистон рўи кор оварда, дар амалӣ шудани он аз ҳама бештар саҳм гузоштанд. Новобаста ба вазъи душвори сиёсиву таърихӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари фаъолияти Пешвои миллат қарор гирифт.
Яке аз иқдомоти муҳим ва дурандешонаи мақомоти олии кишвар ин таъсиси Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Тоҷикистон мебошад, ки 19 июли соли 2015 сурат гирифт. Шахсан аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон роҳбарӣ намудани Шўрои миллии кор бо ҷавонон намунаи олии эҳтиром ва эътимоди мақоми олии сиёсии кишвар ба ҷавонони имрўз аст. Ба қавли Пешвои миллат “Чунин тарзи кор имкон медиҳад, ки пешниҳодоти ҷавонон ҳарчи бештар дастгирӣ ёбанд, мушкилоти дар ин самт мавҷуда сари вақт баррасӣ гардида, роҳу усулҳои фаъолияти минбаъдаи ҷавонон боз ҳам дақиқу мушаххас карда шаванд.” Ба иборати дигар Шўрои мазкур пуле миёни роҳбарияти кишвар ва ҷавонон аст, ки он метавонад имконияти воқеиро барои ҷавонони имрўза дар саҳм гузоштан ба пешрафти корҳои давлатӣ фароҳам оварад.
Инак, Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш ба
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди баланд бардоштани мақоми ҷавонони ояндасози мамалакат фикру андеша ва дастуру супоришоти хешро ироа намуданд.
Дар Паём аз ҷумла зикр кардаанд: “ Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.” Воқеан эълон шудани Соли 2017 – Соли ҷавонон дар марҳалае сурат мепазирад, ки ҷавонони кишвар дар ҷодаи худшиносиву ватандўстӣ, худогоҳиву масъулиятшиносӣ, шинохти арзишҳои милливу фарҳангӣ ва манфиатҳои миллӣ дар сатҳи зарурӣ қарор доранд ва барои ҷовонон имсол соли озмоиши иродаву истеъдод, маҳорату дониш ва фидокориву садоқатмандӣ хоҳад буд.

пешина
аз 601
навбатӣ