ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданПешвои миллат аз ҷавонон дар ҳар соҳа тозакориву тозаэҷодӣ, ташаббускориву пешравиро чашмдор ҳастанд. Зеро маънии «ҷавонон ояндаи миллат» маҳз дар ҳамин амалҳои нек нуҳуфтааст. Ҷавонони имрўзаро барои расидан ба ин ҳадафҳои воло месазад ба масоили зерин бештар таваҷҷўҳ намоянд:
- Соли ҷавонон эълон шудани соли равон аз ҷониби Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ифодагари муҳаббат ва таваҷҷўҳи Сарвари давлат ба ҷавонон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа мебошад, аз ҷониби ҷавонон ҳамчун ҳадяи беназир қабул гардад ва дар ҷавоби он муқаддамтар аз ҳама масъулиятшинос бошанд ва масъулияти фардои кишварро ба дўш гиранд. Ба маънии дигар барои ҷавонони имрўза замоне фаро расидааст, ки масъулияти ватандориву ватанпаравриро бештар эҳсос намоянд ва ҳар кореро, ки ба анҷом мерасонанд аз назари манфиати халқу давлат ва миллат ба он баҳо гузоранд.
Вазифаи меҳварии ҳар як ҷавон ин ҳимояи истиқлолияти Тоҷикистон, бунёд ва таҳкими ҷомеаи халқҳои Тоҷикистон, ба давлати мутараққии ҷаҳон табдил ёфтани он ба шумор меравад 2.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор