Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар ниҳоди хеш густариш додани муҳаббат ба миллат ва дороиҳои он. Аз ҷумла, ифтихор аз миллати хеш, эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва меъроси ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои арзишманди миллӣ, дар заминаи хусусиятҳои миллӣ ривоҷ додани забон, илм, фарҳанги миллӣ ва эҳтироми миллатҳои дигар аз рисолати аслии ҷавонон бояд бошад. Дар ин ҷода яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа омўзиши осори илмиву адабӣ ва таърихии Сарвари давлат мебошад, ки яке аз он асари тозанашри он кас “Чеҳраи мондагор” аст. “Чеҳраи мондагор” инъикосгари зиндагинома ва корномаи симоҳои барҷастаи миллат, таърихномаи корнамоиҳо ва сарфарозиҳои халқи тоҷик, баёнгари фарҳанг ва тамаддуни таърихи беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон, маҳсули омўзиш, мушоҳидаҳо ва хулосаҳои саҳеҳи илмии Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таърих, тамаддун, нақши шахсиятҳо дар таърих ва роҳҳои бардошти сабақи таърихӣ аз он мебошад, ки донистани он барои ҷавонон ҳатмист. Махсусан, сабақ бардоштан аз рўзгори шахсиятҳои дар китоб насбгардида ҷавононро дар ҷодаи хештаншиносӣ судманд хоҳад буд.
3. Пайравӣ намудан ба ахлоқи хамидаи падарону бобоёни хеш. Эҳтиром варзидан ба арзишҳои ахлоқии ниёгон аз қабили эҳтироми волидайн, ба зан-модар, устод ва омўзгор, риояи одобу ахлоқ дар байни ҷомеа.
4. Баланд бардоштани дониши сиёсӣ, касбӣ ва ҳуқуқӣ, аз бар кардани илмҳои муосир, омўзиши забони модарӣ ва забонҳои дигари олам. Тарбияи сиёсии шаҳрванд аз ҳуқуқу озодиҳои сиёсие сарчашма мегиранд, ки онҳо дар Конститутсия ҷумҳурӣ ифода ёфтаанд. Мақсади ниҳоии баланд бардоштани дониш, ташаккул додан ва шинохтани сиёсату зиракии сиёсии инсон бошад, дониши касбӣ имкон медиҳад инсон дар ҷомеа мақому манзалати муайан пайдо намояд.

пешина
аз 601
навбатӣ