Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Имрўз ҳини назар кардан аз фосилаи начандон дури таърихӣ ба хубӣ эҳсос мешавад, ки дар кадом вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ худро чун кишвари мустақил муаррифӣ намуд ва ба қавли баъзе аз коршиносону сиёсатшиносон, хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон зудуда шудани хешро паси сар кард. Имрўз руҷўъ ба таърихи даврони ҷанги шаҳрвандӣ моро ҳушдор медиҳад, ки ба имрўзу фардои худ бо чашми ибрат назар андозем, фаромўш насозем, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ бештар аз 100 ҳазор нафар (1,5% аҳолӣ) ҷони худро аз даст доданд, 100 ҳазор кас бе ному нишон гум шуданд, беш аз 25 ҳазор зани тоҷик беваю 60 ҳазор тифл ятим монда, садҳо манзили истиқоматӣ вайрону валангор гаштанд. Таърих гувоҳ аст, ки маҳз баргузории Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) ва бо қарори Шўрои Олии Тоҷикистон интихоб шудани фарзонафарзанди миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин нобасомониҳо нуқтаи таммат гузошт ва марҳалаи нави зиндагии мардум оғоз гардид. Аз ҳамон лаҳзаи интихоб Пешвои миллат ба масъалаи амнияти кишвар эътибори махсус зоҳир намуда, тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳу амният, баргардондани муҳоҷирин ба Ватан ва шурўи музокирот бо мухолифини собиқ равона намуданд.
Ин нуқтаи назари Раиси Шўрои Олӣ дар муроҷиатнома ба мардуми шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 дар саҳифаҳои заррини таърихи кишвар сабт ёфтааст: «...тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».

пешина
аз 601
навбатӣ