Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳадафи Пешвои миллат оид ба андешидани чораҳои таъхирнопазир ба хотири аз хоки Афғонистон ба ватан баргардонидани гурезагон, баробари барқарор кардани сулҳу салоҳ дар кишвар ва бахшидани зиндагии осуда ба мардум ҳамзамон таъмини амнияти фардои мардуми Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Зеро аз назари Сарвари давлат дар хоки Афғонистони ҳамсоя мондани фирориёни тоҷик барои ҷумҳурии мо хатари ҷиддӣ дошт, зеро дар он тарафи сарҳад қувваҳое, низ буданд, ки метавонистанд ин фирориёнро дар оянда ба муқобили давлати Тоҷикистон истифода намоянд. Ин буд, ки ба Ватан баргаштани фирориён, пеши роҳи чандин хатарҳои минбаъдаи амнияти кишварро гирифт. Ният ва амали Сарвари давлат дар он рўзҳо ифодагари дурандешии он кас дар мавриди эҳтиёти кишвар аз қувваҳои аҳримании беруна низ буд, ки бо гузашти замон онҳо бо номи “тероризми байналмилалӣ” дар қаламрави олам ном бароварданд. Гузашта аз ин, воқеаҳои солҳои наваддум як дарси бузурги таърихист, ки донистани ҳақиқати воқеии он даврон имкон медиҳад, ки имрўз худро аз зиёну зарари қувваҳои аҳриманӣ эҳтиёт намоем.
Бале таърих китобест, ки дар он воқеаҳои рухдодаи олам сабт мешавад ва хушбахт ҳамон миллат аст, ки аз он сабақ мебардорад. Дар ин китоб чи воқеаҳои таърихии пешин ва чи ҳодисаҳои начандон дур арзиш дорад ва мо бояд онро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем. Пешвои миллат дар суханронии худ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон нуктаеро зикр карданд, ки он бояд ба хотири оромии ишвар ва амнияти миллат ҳамеша дар назар мо қарор дошта бошад. Аз ҷумла, Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ зикр карданд:

пешина
аз 601
навбатӣ