ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданАниқтараш, чӣ қадар масрафи беҳуда доштем.
- Бале, ҳақ ба ҷониби Шумо,- илова намуд, мўйсафеди дигар одати «тўқус» ҳам вазнин буд. Ман шахсан барои як тўйи хатна аз 9 то 20 гўсфанд сарф кардаам. Бузкашиҳои бемаънӣ дар тўю маъракаҳо ғазотгари соҳибони маърака буд. Хайрият қонуни танзими расму оинҳо баромаду ба ин баландиҳо каланде шуд.
Бале, ин чанд мисоле, ки дар он сўҳбати пирони деҳаи Ровадин зикр шуд, донае аз хирвор аст. Чӣ қадар одату маросимҳои серхарҷу пурмасраф дар ҷойҳо мавҷуд буданд, ки маҳз тавассути қонуни мазкур ба танзим даромад, ё хушбахтона баъзеи онҳо аз байн рафтанд. Воқеан ағлаби маврид таассуб ба ёрон боиси сарфу харҷҳои зиёд ва муфлисӣ мегардад. Чунончӣ, агар як нафари сарватманд ё доро тўи пурдабдабае барпо мекард, ки аз даъвати миқдори зиёди одамон, тўҳфаҳои гаронқадр ба арўсу домод, дастархони аз меъёр зиёд фаровон иборат буд, атрофиёнро бетараф намегузошт. Новобаста ба маблағи зарурӣ ҳамсояву ҳамкор, хеш ё дўст бо шиори «ман аз ту кам нестам» ё талоши обрў он амалҳоро такрор мекард, ки дар натиҷа оиларо ба муфлисӣ мебурд ва он таъсири нохушоянде ба зиндагии минбаъдаи навхонадорон мегузошт. Муҳобот намешавад агар гўем, ки ба ҷудоиҳои навҷавонон шаби тўйи арўсии онҳо ибтидо мегузоштем, ки бунёдаш сарфу хароҷоти нодаркору нолозим буд. Бале, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» давоми мавҷудияташ як андоза таассуби беҷоро аз байн бурд ва он мардумро аз хиҷолоти «чаро ман наметавонам монанди як доро тўй ё маърака кунам» наҷот дод. Тўю маъракаҳо низ аз ҷанбаи моддӣ ба маънавӣ гароиданд. Падарам нақл мекарданд, ки солҳои 50-60-ум тўйхона мавзеи маънавият буд. Одамон асосан барои шунидани сурудҳои ҳофизон меомаданд, аз ширинкориҳои санъаткорон ҳаловат мебурданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор