ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ба тасвиб расонидани барномаи махсуси зиддитероризм дар заминаи омўзиши вазъи ҷаҳон.
Дар шароити имрўза амалӣ шудани ин пешниҳод то андозае дар беҳдошти вазъият нақш хоҳад бозид. Ҳамин тариқ, тероризм як машинаи марговарест, ки ба тамоми ҷаҳон хавфовар аст ва мутаасифона ҳадафи асосии он ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, бетарафӣ нисбати ин масъала беэътиборӣ ба фардои ҷомеа мебошад. Ба қавле, терроризм забон, миллат, ватан синнусол, модар надорад. Аз ин рў, нисбати ин масъала бетараф будан ҷабр ба ҷони хеш аст.
Соли 2018
ҚОНУНИ ТАНЗИМ
ВА МАЪНАВИЯТИ МАРДУМ
Чанд сол муқаддам ба хонаи яке аз дўстонам дар деҳаи дурдасти Панҷакент, деҳаи Ровадин меҳмон шудам. Бегоҳ дар ҳавлии эшон, ки падараш аз шахсиятҳои боэҳтиром ва боэътибори деҳаи Ровадин ҳисоб мешавад, 5-6 нафар ба қавле пирони рўзгордида, мўйсафедони деҳ сари дастархони пурнозу неъмати кўҳистонӣ ҷамъ омада, аз зиндагии хеш, бурду бохти рўзгор, муаммоҳои ҳаёташон нақл мекарданд. Дар ин гуна сўҳбатҳо хоҳ нохоҳ муқоисаи усули зиндагии мардуми деҳ бо шаҳр, расму оинҳо, анъанаҳо, тўю маъракаҳо ба миён меафтод. Ҳини гуфтугузор оқсаққолҳои деҳаи Ровадин гуфтанд:
-Раҳмат ба Ҷаноби олӣ, ки Қонун «Дар бораи танзими расму оинҳо»-ро имзо гузоштанд. Медонед, чӣ қадар маъракаҳову маросимҳои мо душвор буд. Масалан, дар рўзи ҷаноза соҳиби мурда барои ҳар як нафари ташрифоварда аз 20-то 50-сомонӣ маблағ медод. Тасаввур кунед, ки баҳои гўру чўби як мурда чӣ қадар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор