ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар асоси хостгорӣ ва ошноии арўсу домод тасмим мегиранд тўй барпо шавад. Қабл аз ақди никоҳу гузаштан аз муоинаи табибон сарфи назар аз танзим маъракаи “Тўйбарон” баргузор менамоянд ва эълом медоранд, ки фалон рўз тўй баргузор мешавад. Бо амри тақдир ҳини аз муоина гузаштани арўсу домод муаййан мешавад, ки ҷавон гирифтори бемории сирояткунанда асту бо ў хонадор шудан хатар дорад.
Орзуҳо ва нақшаҳои тўй дар як он ба чи табдил ёфт? Магар муоинаи табибон ва огоҳ шудан аз саломатии ҳамсафари якумрии фарзанд аз тўйбарону маъракаҳои зиёдатӣ муқаддамтар нест? Ё як нафар зан, ки инак шашум фарзандашро ҷиҳати беморӣ аз даст медиҳад волидайнашро айбдор мекунад, ки ба хотири ба дўстдоштааш надодан замоне ўро бо писари холааш хонадор карданду инак бори шашум доғи фарзанд мебинаду давоми 30 соли ҳамхонагӣ як рўзи шодиро надидааст. Магар пеш аз тўй соате аз фардои фарзандон андеша кардан, маслиҳати оқилонро гирифтан муқаддамтар аз ғами дастархони зебо ва даъват кардани сарояндаи номдор нест? Аз ин рў Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” моро водор менамояд, ки аз ҷаҳони танги фаҳмиши арзишои зиндагӣ фаротар равем ва ба маънии хушбахтии воқеӣ бирасем. Имрўз тадриҷан ҷомеа дарк менамояд, ки тўй ва маърака воситаи гирифтани обрўву эътибори оилаву авлод набуда, балки оғози як марҳалаи муҳими зиндагист, ки дар дунболи он зиндагии тўлонии ду нафар меистад, ки хушбахтии онҳо муҳимтар ва муқаддамттар аз ҳар чизи дигар аст. Ва ин аст, ки яке аз муҳимтарин рисолати Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”раҳнамун сохтани мардум ба ҷодаи маърифати ҳақиқати зиндагист.
Соли2016

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор