Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

НАСИҲАТ БА ФАРЗАНД – РУКНИ ТАРБИЯТИ
АХЛОҚИ ҶОМЕА
Дар партави Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

Тарбияи дурусти наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатии мамлакат маҳсуб меёбад. Дар ин ҷода қабули ҳуҷҷату санадҳои муҳим аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
(соли 1994), «Консепсияи мактаби миллии Тоҷикистон»
(соли 1995), «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии олии касбии (мактаби олӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1996), Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1996), Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар таълиму тарбияи фарзанд» (2011) самараҳои нек дар беҳдошти тарбияи наврасону ҷавонон гардид. Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба таълиму тарбия ҳамчун ба маҳсули хираду дониш ва маърифати инсон эътибор дода, дар баробари ҷанбаи амалӣ доштани ин санаду ҳуҷҷатҳо, ки меҳвари онро росту дуруст тарбия намудани насли муосир ташкил мекунад, ба арзиши таърихии он, ки ин эҳёи анъанаҳои тарбиявиву таълимии гузаштагони соҳибназари миллати тоҷик мебошад, эътибори хоса зоҳир менамоянд.
Мусаллам аст, ки дар гузашта мардуми тоҷик таълиму тарбияро ҳамчун ҷавҳари фарҳанги баланди инсонӣ ва муносибат медонист ва осори гаронбаҳои суханварони классикии мо аз устод Рўдакӣ сар карда, то устод Садриддин Айнӣ лабрез аз ҳикмату панд аст, ки одамиро ба роҳи рост, ҳақиқатбинӣ ва ҳақиқаткорӣ раҳнамоӣ мекунад. Метавон даҳҳо пандномаву андарзномаҳо, осори манзуму мансури ахлоқиро номбар намуд, ки дар тўли асрҳо дар тарбияи инсоният нақши бориз мегузорад ва омўзиши ин гуна осор имкон фароҳам меорад, ки санаду ҳуҷҷатҳои давлатии дар боло зикр шуда ба нудрат ва бо сифат амалӣ гардад.

пешина
аз 601
навбатӣ