Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз байни олимон муаррихи шодравон Саидҷон Марофиев фаъол буданд ва фикру дархости хешро бо асноди таърихӣ собит мекарданд. Одатан раиси вилоят савол медоданду муттахассисон ҷавоб. Махсусан ба пурсишҳо сармеъмор Музаффар Юнусов ва рассоми шодравон Акбар Маҳмудов ҷавоб медоданд. Вақте аз навор баъди 10 сол он баҳсҳоро тамошо мекунам, мушоҳида менамоям, ки то кадом андоза ҷузъ ба ҷузъ масъалаҳо матраҳ шудаанд. Аз равзанаи начандон дури таърихӣ вақте ба воқеаҳои он рўзҳо назар менамоем ҳадафҳои муассисони Осорхонаи нав равшантар ба назар мехўрад:

  1. Мақсади асосии роҳбарияти он рўзаи вилоят ва дастандаркорони ин кори таърихӣ қабл аз ҳама таҳриф накардани таърих буда, дуруст бо назардошти ҳақиқати таърихӣ ва манфиатҳои миллӣ инъикос кардани саргузашти миллат маҳсуб меёфт.Чунин ба назар мерасад, ки ин мақсад иҷро гардид ва осорхона имрўз инъикосгари ростини таърихи кишвар мебошад 2.Дигар аз ҳадафҳо барои одамон барандагони мероси даҳҳоҳазорсолаи таърих дода тавонистани сабақи ибратбахши таърихӣ маҳсуб меёфт. Яъне осорхона мебоист рисолатеро ада намояд, ки назари бинанда ба зиндагӣ, ба таърих, ба миллат бо назардошти эҳсоси баланди худшиносӣ бо тамошои он ба сўи беҳӣ тағйир ёбад.Яъне музей баробари баланд бардоштани донишу маънавият, ҳамзамон бояд нақши боризе дар маърифат, муқоиса,баҳогузорӣ ба таърих ва бо назардошти он амал карданро гузорад.
  2. Сохтани осорхонаи ҷавобгўи талаботи замон. Дар ин замина бо истифода аз таҷрибаҳои беҳтарини музейҳои кишваршиносии дунё, бунёди намудани осорхонае буд, ки сабку услуби замонавиро инъикос намояд. Дар ин самт бо дастгирии ҳукумати вақт борҳо аз осорхонаҳои хориҷи кишвар боздид ба амал бароварда шуд.
пешина
аз 601
навбатӣ