Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Муттахассисон аз сафарҳои худ муҳимтарин ва навтарин усулҳои бунёди осорхонаро интиқол менамуданд.
4. Дигар аз ҳадаф ин интихоби дурусти нигораҳо барои намоиш додан маҳсуб меёфт. Дар машваратҳо пешниҳод мешуд, ки намоиши аз лиҳози миқдор зиёди нигораҳо наметавонад ба фоидаи кор бошад. Интихоби беҳтарин ва пурарзиштарини нигораҳо аз муттахассисин масъулияти бузургро тақозо мекард ва он мутобиқи матлаб анҷом пазируфт.
5. Ҳамчунин ба назар гирифтани устухонбандии маънавӣ ва пайдарпаии толорҳо аз рўи хронологияи таърихӣ. Яъне кўшиш бар он мерафт, ки дар намоиши нигораҳо, тасвиру нақшҳо, матн ва ғайра ба иштибоҳи таърихӣ роҳ надиҳанд. Мақсади ниҳоӣ таъсис додани музейе буд, ки ҳамсону ҳамсанги он ақаллан дар Осиёи Марказӣ набошад.
Дар яке аз ин гуна машварати корӣ, ки дар арафаи анҷом ёфтан баргузор шуд, раиси вилоят Қосим Раҳбар хоҳиш намуданд, ки вобаста ба моҳият ва арзиши осорхона ду байти хуб дарёб намоем, то дар яке аз ҷойҳои намоён насб гардад. Ҳамчунин як порчаи манзум дар толори “Искандари Мақдунӣ” пешниҳод бояд намоем, ки ифодагари мазмуну маънии оқибати кори Искандар бошад. Зеро толори “Искандари Мақдунӣ” баҳсҳоеро ба миён оварда буд, ки коршиносонро ба ду ҷабҳа қисмат сохт. Зеро як ҷониб хилофи инъикоси Искандари ғаддор буданду ҷониби дигар ҳақиқати таърихро асос меҳисобиданд. Бо назардошти бардоштани сабақи таърихӣ аз рўзгори он ҷаҳонгир толор бо тамомияти ҳунару санъат бунёд ёфт. Ҳамин тариқ ҳафтаи дигар чанд нафар абёти интихоби хешро пешниҳод намуданд. Банда, ки низ ҳамчун корманди телевизион ва як нафар адабиётшинос борҳо аз ҷониби раиси вилоят ба

пешина
аз 601
навбатӣ