ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
баҳсҳо кашида мешудам барои толори Искандар ду байт аз осори Боботоҳири Урён пешниҳод намудам, ки қобили қабул қарор гирифт:
Рафтам ба дари қабри шаҳаншоҳи Яман, Ў даст бароварду ба ман дод кафан, Гуфтам, ки аз ин саховатам айб макун, Аз моли ҷаҳон ҳамин расидаст ба ман.
Дар мавриди моҳият ва арзиши осорхона аз ашъори Шоири Халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ манзур намудам, ки он низ мақбули раис ва аҳли машварат гардид ва имрўз дар яке аз ҷойҳои намоёни осорхона зевари табъ гардидааст:
Омадам дар ин ҷаҳон, то хешро пайдо кунам, Чанд рўзе хешро дар зиндагӣ ҳампо кунам.
Гар натонам мурдаеро зинда созам баъди марг, Қарз бошад, ёдгори мурдаро эҳё кунам.
Дар навори хотироти ман рўзи ифтитоҳи Осорхона бо иштироки Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маҳз бо дастгирии ҳамаҷонибаи ин сарвари фозил ин макони таърихӣ бунёд ёфтааст рўшан нақш бастааст. Он рўз барои мардум махсусан барои аҳли илму маърифат тантанаи бузурге буд, зеро маконе ба рўи сокинони вилоят дари худро боз намуд, ки барои шинохти асли худ, донистани таърихи гузаштаи пур аз корнамоиҳову сарфарозиҳои миллат нақши боризе хоҳад гузошт. Гузашта аз ин, бунёди Осорхонаи таърихии вилоят, воқеаҳои марбут ба он, ки хидмати фарзанду наберагони бузургони Хуҷанд мебошад худ низ таърихи начандон дур, вале пуршарафи моро ифода мекунад, ки донистани ҷузъиёти он дар шинохти Осорхонаи таърихӣ пурарзиш хоҳад буд.
Инак имрўз Осорхона як ҷузъи Маҷмааи фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд “ маҳсуб меёбад ва бе муҳобо баъди перояи нав ба бар кардани Боғи Камоли Хуҷандӣ, бунёди хонаи шоир ва қомат рост кардани пайкараву мақбараи Шайхи номвар теъдоди ташрифкунандагони осорхона афзудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор