ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ин бузургтарин дастоварди телевизион ва радиои вилоят дар давоми 25 соли то имрўзаи фаъолияташ мебошад. Ин воқеаи фараҳбахш, ки расман дар поёни он сол сурат пазируфт, имкон фароҳам овард то телевизион ва радиои вилоят ҳамқадами телевизионҳои дигар рушд намояд. Махсусан, дар баробари афзудани соати пахш коргоҳ бо техникаҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардид, ки имкониятҳои эҷодиро вусъат бахшид. Муҳимтарин таваҷҷўҳ ва дастгирии раис эътибори ҷиддӣ ба бахши молиявии телевизион буд. Дар ин самт мактуби роҳбарияти телевизион оид ба созмон додани хоҷагии ёридиҳанда дар назди идора низ дастгирӣ ёфт ва имрўз телевизиони вилоят соҳиби
10 га замин буда, ҳамасола аз ҳосили он кормандон баҳра мебардоранд.
Муҳимтарин сифати олие, ки мўҳтарам Қоҳир Расулзода ҳамчун роҳбари оқилу доно молик мебошанд, ин ҳунари шунидани ҳамсўҳбат мебошад. Маҳз ҳамин сифати олӣ дар радифи дигар хусусиятҳои он кас ба дили он нафарҳое, ки ҳамкорашон мебошанд, дар баробари эътимоду эҳтиром як дилгармии хоса нисбати кор ва оянда тавлид мекунад. Барои ман ҳамкориҳо бо Раис дар телевизион ҳам мактаби бузургӣ корӣ ва ҳам одамгарӣ маҳсуб мешавад.
Зиндагӣ ҳамин тавр сурат гирифт, ки раис имкон доданд давоми шаш соли дигар таҳти роҳбарии он кас ҳамчун сардори Муассисаи давлатии “Қасри ҷавонон” ба номи Лоиқ Шералӣ кор кунам. Воқеан, пешниҳоди Шўъбаи Суғдии иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар бораи ба номи Шоири Халқии Тоҷикистон, устод Лоиқ Шералӣ номгузорӣ намудани “Маркази ҷавонон” маҳз бо дастгирӣ ва Қарори Раиси вилояти Суғд соли 2010 сурат пазируфт. Ин даргоҳ ба баракати ин қарор ба маркази аҳли илму фазл ва адаб табдил ёфт. Дар давоми фаъолияти банда дар ин даргоҳ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор