Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

бо дастгирии Раис садҳо чорабиниҳо барои ҷавонону
наврасон, аҳли илму адаб ва ҳунар баргузор шуданд. Ширкати он кас дар шабҳои эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон
Фарзона, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Боймуҳаммад Ниёзов ва чандеи дигар аз пуршукўҳтарин
ва мондагортарин маҳфилҳо дар қасри ҷавонон маҳсуб
меёбад. Ин ташрифоти Қоҳир Расулзода баёнгари эҳтироми хосаи он кас ба адибону олимон, ҳунармандону аҳли
фарҳанг мебошад. Чун сухан дар бораи дастгирии аҳли
адабу фарҳанг рафт, чун масъули имрўзаи маҳфили илмиву адабии вилоятии “Ганҷи сухан” мехоҳам аз хидматҳои
раис дар рушди он сухан гўям. Маҳз дар даврони роҳбарии он кас ин маҳфил аз як маҳфили хурди донишгоҳӣ
ба маҳфили вилоятӣ ва обрўву нуфузи баланд дар миқёси ҷумҳурӣ ноил гардид. Борҳо дар ин маҳфил мўҳтарам
Қоҳир Расулзода ширкат варзида, ба фаъолияти маҳфил
нерўи тоза бахшидаанд. Доир ба фаъолияти он дар яке аз
маърўзаҳои худ чунин ироа намудаанд: «Баргузории моҳонаи ин маҷлиси ишқу алоқа ба адабиёт ва илму ҳунар дигарбора собит мекунад, ки мардуми тоҷик бо сухан, илму
маориф ва адабиёт пайванди қавии равонӣ дошта, шўҳрати таърихии миллати моро бар асоси он барои ҷаҳониён
муаррифӣ намудаанд. Аз рўзҳои нахустини ҳузури ин маҳфил дар ҳавзаи илмиву адабии вилояти Суғд ба он суханварону олимони номвари кишвар ва берун аз он робитаи
мустаҳкаме пайдо намуда, борҳо дар маҷлису нишастҳои
ин анҷумани сухан ҳузур пайдо намуда, бо каломи мавзун
ва мустанаду муҳаққиқонаи хеш дар густариши фазои илмии кишвар ва аз ин роҳ ғаномандии маҳфил нақши муассири хешро гузоштаанд. Воқеан, маҳфили илмӣ – адабии
«Ганҷи сухан» мактаби бузургест барои имрўзиён. Силсилаи сўҳбатҳои устодони сухан, ки дар он хусусиятҳои адабиёт, роҳу усулҳои маърифат ва шарҳи он баррасӣ мешаванд барои ҳамагон, махсусан ҷавонон манфиати бештар дорад.

пешина
аз 601
навбатӣ