ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
офаридаҳои ў таҳти унвонҳои «То кай», «Доғи таманнои ту», «Эй ҷони ман асират», «Гуфтему гуфтем», «Лаби нўш»
ва ғайра шўҳрати беандоза ҳосил кардаанд. Сурудҳои устод дар фонди тиллоии радиои Тоҷикистон маҳфузанд ва аз дороии бебаҳои маънавии миллати мо маҳсуб мешаванд. Устод мактаби бузурги санъати миллии мо ба шумор рафта, садҳо шогирдонро тарбият кардаанд. Маъруфтарин шогирдони устод Боймуҳаммад Ниёзов Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Мастона Эргашева, Абдуҷалил Ҳошимов, Ҳунарпешагони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асаддулло Атоуллоев, Сабоҳат Наҷмиддинова, Қобилҷон Зарипов, сароянда Қосимҷон Ҳасанов маҳсуб мешаванд.
Кулли сарояндагони ансамбли шашмақомсароёни “Нури Хуҷанд”, донишҷўёни факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки устод бар эшон ҳаққи устодӣ дорад, шогирдони мактаби бузурги ин устоди беҳамтостанд. Имрўз даҳҳо шогирдони устод ҳамчун омўзгор дар мактабҳои мусиқии кишвар дарси санъат мегўянд ва ба як маънӣ, андўхтаҳои хешро аз талқини устод ба ворисони ҳунарпажўҳ мерасонанд.
Бо амри тақдир ва тақозои касб маро даст дод, ки бо шахсият, фаъолият, ҳунари баланди устод Боймуҳаммад Ниёзов, бо ҷаҳони андешаву тафаккур, назару бардоштҳои эшон дар мавриди санъати миллӣ, хоса “Шашмақом” аз наздик ошно шавам. Ин ошноиву бардоштҳо дар раванди таҳияи барномаҳои телевизионӣ, зимни сўҳбатҳо, суолу ҷавоб, сафарҳо ба ин ё он шаҳру ноҳияи кишвар ҳосил мегардид. Аввалин барномаи телевизионии банда бо устод Боймуҳаммад Ниёзов соли 1999 дар телевизиони Симои мустақили якум (СМ1) таҳти унвони “Бузургони Хуҷандшаҳр” дар ҳаҷми 50 дақиқа ба навор гирифта шуда буд, ки он дар манзилашон сурат пазируфт. Дар ин барнома устод оид ба зиндагӣ ва фаъолияти худашон нақлҳои ҷолиб намуда, як сўҳбати дилнишинеро баргузор сохтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор