ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар ин барнома собит шуда буд, ки феълан устод тамоми асбобҳои мусиқии тоҷикро навохта метавонанд ва бо ғижакнавозии худ тамошобинонро мафтун карда буданд. Устод дар бораи сухан ва масоили маърифати шеър изҳори назар намуда, аз ҳамкориҳои эҷодии худ бо суханварони даврон Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукўҳӣ, Муҳиддин Фарҳат, Алӣ Бобоҷон ва дигарон ёд карданд, интихоби матни дуруст ва баландро дар офариниши суруди хуб муҳим шумориданд. Устод меъёри ҳофизи асил буданро дар ҳифз карда тавонистани сурудҳои калон медонистанд ва аз он ёд мекарданд, ки дар гузашта сарояндагоне, ки ба сурудани таронаҳои сабук машғул мешуданд, “ялачӣ” мегуфтанд.
Баъди бештар аз 15 сол вақте ин наворро тамошо менамоям, эҳсос мекунам, ки имрўз ҳам андешаҳои ҳунарманди асил дар бораи суруду мусиқӣ ва шеъру адабиёт муҳим ва актуалӣ маҳсуб мешавад.
Мусоҳибаи дигари пурмўҳтавои банда соли 2000-ум дар телевизиони СМ1 таҳти унвони “Дар сўҳбати устод Боймуҳаммад” тавассути барномаи мустақими “Субҳи дигар” тўли 90 дақиқа идома ёфт. Устод ба саволҳои бешумори мухлисонашон ҷавоб мегуфтанду бо танбўр ё дутор суруд мехонданд. Дар он солҳо ин гуна барномаҳои мустақим ками андар кам ба назар мерасид ва ин барнома ангезае дар фазои фарҳангиву адабии шаҳру вилоят ба вуҷуд овард. Маро тамкину оромии табиат, ҷавобҳои пурмазмуну саҳеҳи устод мафтун карда буд ва ин аз назари ҳар як тамошобин пинҳон намемонд. Якуним соати сўҳбат, ки ончунон ба тезӣ сипарӣ шуд, ба мардум як ҷаҳон дониш ва фароғати бемислро эҳдо намуд.
Соли 2002 бахшида ба 75-солагии устод Боймуҳаммад Ниёзов дар яҷоягӣ бо коргардони маъруфи тоҷик шодравон Абдуллоҷон Ғаффоров дар телевизиони вилояти Суғд як очерки телевизионӣ бо номи “Дунёи Боймуҳаммад” таҳия гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор