Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар ин давра барои рушд ва иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ сармояҳои гуногун равона гардида, таҳияву қабул ва амалисозии барномаҳои алоҳидаи рушди шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шуд.
Албатта, заминаи ҳама гуна рушд, чи дар соҳаҳои иқтисодӣ ва чи дар бахши иҷтимоӣ, сармоя аст. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар тўли солҳои гузашта барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва муҳайё намудани шароити созгори ҳуқуқии ҷалби сармояи дохилӣ, маблағҳои соҳибкорони ватанӣ ва сармояи хориҷӣ ба рушди соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ як силсила иқдомоти муассирро роҳандозӣ намуд.
Натиҷаи ҳамин аст, ки сармоягузорӣ ба соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисодиёт сол ба сол зиёд мешавад. Фақат соли 2010 оид ба татбиқи 27 лоиҳаи нави сармоягузорӣ созишнома ба имзо расида, ба татбиқи онҳо 2,5 миллиард сомонӣ ҷалб гардидааст. Давоми солҳои 2012-2014 бошад, беш аз 100 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ бо маблағи умумии 13 миллиард сомонӣ мавриди амал қарор дошт.
Дар нақшаи кории Ҳукумати мамлакат таҳияи Консепсияи сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоя қарор дорад, ки дар он ба бахши иқтисодиёт аз қабили гидроэнергетика, саноати маъдан, саноати сабук, соҳаҳои истеҳсоли маводи ғизоӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи захираҳои қаъри замин, туризм ва монанди инҳо эътибори махсус дода мешавад.
Бахши соҳибкории мамлакат яке аз манбаъҳои умдаи сармоягузорӣ ба рушди иқтисодамон, воситаи муҳайё гардондани ҷойҳои нави корӣ, сарчашмаи ғановати буҷет ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардумамон ба шумор меравад. Ба ҳамин хотир аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи гузашта тавассути намояндагонаш дар парламент ва ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои ба миёнгузоштаи хешро ҷиҳати тақвияти мавқеи ин соҳаи муҳими иқтисоди миллӣ дар ҳаёти кишвар собитқадамона амалӣ гардонд.

пешина
аз 601
навбатӣ